БҶ: Кишварҳои ОМ имкони баррасии ошкорои тарҳи «Роғун»-ро дастгирӣ намуданд

Date:

Душанбе. 24-уми май. «Азия-Плюс» – Намояндагони ҳукуматҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон, ки рӯзҳои 17-18-уми май дар ҷаласаи нахустин оид ба табодули андеша ва баррасии масоили марбут ба таҳқиқоти тарҳи нерӯгоҳи «Роғун» ширкат варзиданд, имкони баррасии ошкоро ва асосноки тарҳи ин нерӯгоҳ дар сатҳи минтақавиро дастгирӣ намуданд.

Дар иттилоияи интишоргардидаи Бонки ҷаҳонӣ доир ба масъалаи мазкур гуфта мешавад дар ҷаласа роҷеъ ба масоили мушкилоти мавҷудаи бехатарии сарбанди нерӯгоҳ, ҳаҷми маҷрои ҷоришавии об ба кишварҳои поёноб ва шаффофияти ҷараёни таҳқиқот табодули афкор сурат гирифта, кулли иштирокчиён ба мувофиқа расиданд, ки табодули мутақобилаи маълумот ва ширкати ҳамаи кишварҳои ҳавза барои шаффофият ва эътимоднокии таҳқиқот зарур аст.

Дар иттилоия ҳамчунин зикр мегардад, ки рӯзи 19-уми май бо иштироки ҳудуди 80 созмону ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ миёни шаҳрҳои Алмаато, Остона, Бишкек, Душанбе ва Тошканд видео-конфронс баргузор карда шуд. Иштирокчиёни он бештар ба баррасии масоили ҳаҷми корҳо дар доираи таҳқиқоти баҳодиҳӣ, ба эътибор гирифтани масоили истеҳсоли энергия ва обёрӣ, бехатарӣ ва тобоварии сарбанди нерӯгоҳ ба заминларза, таъсири сохтмони нерӯгоҳ ба вазъи обёрӣ ва экологии минтақа, кӯчонидани аҳолии дар мавзеи обанбор иқоматдошта ва ширкати фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҷараёни таҳқиқот таваҷҷӯҳи хосса зоҳир сохтанд.

Бино ба маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, чунин машваратҳо дар марҳилаҳои калидии баргузории таҳқиқот доир гардида, тақрибан дар муддати 18 моҳ бонк натоиҷи ниҳоии таҳқиқотро ба даст хоҳад овард.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...