Оғози маъракаи навбатии миллии эмкунӣ аз полиомиелит дар Тоҷикистон

Душанбе. 24-уми май. «Азия-Плюс» — Вазорати тандурустии кишвар бо дастгирии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ва Хазинаи кӯдакони СММ маъракаи эмкунии миллиро бар зидди бемории фалаҷ бо мақсади пешгирии хуруҷи ин беморӣ дар оянда оғоз намудааст. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, сафири ИМА дар Тоҷикистон Кен Гросс, муовини Вазири тандурустӣ Азамҷон […]

Азия-Плюс

Душанбе. 24-уми май. «Азия-Плюс» — Вазорати тандурустии кишвар бо дастгирии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ва Хазинаи кӯдакони СММ маъракаи эмкунии миллиро бар зидди бемории фалаҷ бо мақсади пешгирии хуруҷи ин беморӣ дар оянда оғоз намудааст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, сафири ИМА дар Тоҷикистон Кен Гросс, муовини Вазири тандурустӣ Азамҷон Мирзоев, Ҳамоҳангсози Оҷонсии рушди байналмилалии ИМА (USAID) оид ба тадбирҳои глобалии мубориза бар зидди бемории фалаҷ Элин Огден, сардори намояндагии СУТ дар Тоҷикистон Павел Урсу ва сардори намояндагии  Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон, Хонгвей Гао дар нишасти матбуотӣ иштирок намуда маъракаро ифтитоҳи расмӣ бахшиданд.

Муовини Вазири тандурустӣ Мирзоев Рӯзхои миллии эмгузарониро,  ки аз 23 то 27 майи соли 2011 сурат мегирад ва дар соли равон даври дуюми эмкунии миллӣ мебошад, ифтитоҳи расмӣ бахшид. “Соли гузашта ҳангоми хуруҷи бемории фалаҷ 705 ҳодисаҳои бемории шадиди фалаҷи суст ба қайд гирифта шуданд, ки аз ин шумора 458-тояш расман дар лаборатория тасдиқ шуд. Аз 67 минтақаҳои маъмурии кишвар дар 35-тояш ҳодисахои бақайдгирии беморӣ тасдиқ шуд. Соли гузашта аз ҷониби Вазорати тандурустӣ якчанд даври эмкунӣ гузаронида шуд: ду давр барои кӯдакони 0-5 сола, чор давр барои кӯдакони 0-15 сола ва як даври эҳтиётӣ дар 35 минтақаи маъмурии кишвар гузаронида шуд. Имрӯзҳо, кормандони соҳаи тибби кишвар омода ҳастанд, ки тақрибан 1,2 миллион кӯдакони 0-5 соларо эм кунанд».

Хукумати ИМА, намояндагии СУТ, ХК СММ  ва дигар шарикони рушд дар Тоҷикистон бо Вазорати тандурустии кишвар баҳри пешгирии хуруҷи бемории фалаҷ дар оянда ҳамкорӣ мекунанд. Саҳми гузоштаи Ҳукумати ИМА ба мубориза бар зидди ин беморӣ тақрибан 1 365 000 доллари ИМА-ро ташкил мекунад.

Сафири ИМА, Гросс қайд кард: “Ҳукумати ИМА Вазорати тандурустии Тоҷикистонро дар якчанд самт дастгирӣ мекунад, ва ба солимии модару кӯдак аҳамияти хосса медиҳад. Вазорати тандурустии кишвар ба хуруҷи бемории фалаҷи соли гузашта ба таври масъулиятнок ва саривақт тадбирҳо андешида, барои эмкунии тамоми кӯдакони кишвар кӯшишҳои барҷаста намуд”.

Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ ба СУТ барои маъракаҳои эмкунӣ бар зидди бемории фалаҷ якчанд грантҳо ҷудо кард. Ба ғайр аз ин Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ Вазорати тандурустии кишварро дар самтҳои зерин дастгирӣ мекунад: мустаҳкам кардани назорати эмкунӣ, назорат кардани хуруҷи беморӣ, ва гузаронидани чораҳои фаъол баҳри пешгирии хуруҷи бемориҳое, ки ба воситаи ваксина пешгирӣ мешаванд.

Вокуниши Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ ба хуруҷи бемории фалаҷ дар Тоҷикистон яке аз лоиҳаҳои сершумори кӯмакдиҳандаи он мебошад. Аз соли 1992 инҷониб Сафорати ИМА дар Душанбе зиёда аз 900 миллион доллари ИМА-ро ба барномаҳои дастгирии ниҳодҳои демократӣ, соҳаи тандурустӣ, маориф ва рушди иктисодиёти Тоҷикистон таъмин кардааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.