Арзиши роҳкирои нақлиёти мусофиркаши Душанбе боло меравад

Душанбе. 24-уми май. «Азия-Плюс» — Зимни машварати кории раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо роҳбарони сохторҳои шаҳрӣ эълон гардид, ки шурӯъ аз 1-уми июни соли ҷорӣ арзиши роҳкирои нақлиёти мусофиркаши шаҳри Душанбе боло меравад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи раиси пойтахт Шавкат Саидов иттилоъ дод, ин тасмим бинобар боло рафтани нархи маводи сӯзишвориву қисмҳои эҳтиётӣ […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 24-уми май. «Азия-Плюс» — Зимни машварати кории раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо роҳбарони сохторҳои шаҳрӣ эълон гардид, ки шурӯъ аз 1-уми июни соли ҷорӣ арзиши роҳкирои нақлиёти мусофиркаши шаҳри Душанбе боло меравад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи раиси пойтахт Шавкат Саидов иттилоъ дод, ин тасмим бинобар боло рафтани нархи маводи сӯзишвориву қисмҳои эҳтиётӣ ва дар мувофиқа бо хадамоти зидиинҳисории кишвар пеш гирифта шудааст.

Ба қавли мавсуф, дар машварат ҳамчунин масоили ҳарчи бештар ғанисозии бозори истехмолии пойтахт низ баррасӣ шудаанд. «Раиси пойтахт ба хадамоти дахлдор супориш дод, ки аз болои масъалаи таъмини бозорҳои шаҳр бо гӯшти хушсифат ва фурӯши он бо нархи тавсияшуда – 23 сомонӣ барои як кило гӯшти гов ва 24 сомонӣ барои гӯшти гӯсфанд назорати қатъӣ баранд», – афзуд номбурда.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.