Тоҷикистону ИМА масоили амалисозии тарҳи нерӯгоҳи «Роғун»-ро баррасӣ карданд

Душанбе. 24-уми май. «Азия-Плюс» — Чанде қабл зимни мулоқоти муовини аввали вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Маҳмудҷон Собиров бо муовини аввали ёвари котиби давлатии ИМА оид ба Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Ҷефри Пятт масоили барқарорсозии иқтисоди Афғонистон, роҳандозии ҳамкории дуҷониба дар бахши таъмини амнияти марзҳо ва амалисозии лоиҳаҳои энергетики САSA-1000 ва нерӯгоҳи барқӣ-обии «Роғун» мавриди баррасӣ […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 24-уми май. «Азия-Плюс» — Чанде қабл зимни мулоқоти муовини аввали вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Маҳмудҷон Собиров бо муовини аввали ёвари котиби давлатии ИМА оид ба Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Ҷефри Пятт масоили барқарорсозии иқтисоди Афғонистон, роҳандозии ҳамкории дуҷониба дар бахши таъмини амнияти марзҳо ва амалисозии лоиҳаҳои энергетики САSA-1000 ва нерӯгоҳи барқӣ-обии «Роғун» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар мулоқот зикр гардид, ки муносиботи ИМА ва Афғонистон сатҳи навро касб кардаанд ва акнун ИМА бо мақсади таҳкими сулҳ ва рушди иқтисодиву иҷтимоии бемайлони Афғонистон кӯшиш ба харҷ хоҳад дод.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ба таври назаррас метавонад дар ноил гардидан ба ин ҳадафҳо, бахусус дар рушди зербинои иқтисод ва таъмини Афғонистон бо нерӯи барқ кӯмаки муассир расонад.

Ба иттилои манбаъ, Ҷефри Пятт ҳамчунин омодагии ИМА-ро дар мусоидат бахшидан ба рушди тиҷорат миёни Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ изҳор доштааст.

Дар навбати худ, Маҳмудҷон Собиров изҳори умедворӣ кард, ки ИМА Тоҷикистонро ҳамчунин дар амалисозии лоиҳаҳои энергетикӣ низ дастгирӣ хоҳад кард, зеро татбиқи ин лоиҳаҳо натанҳо ба рушди иқтисодии Тоҷикистон, балки тамоми минтақа мусоидат намуда, ба ҷумҳурӣ ҷиҳати содироти нерӯи арзони барқ ба кишварҳои минтақаи Осиёи Ҷанубӣ шароити мусоид фароҳам меоранд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.