Мулоқоти вазири молияи ҷумҳурӣ бо дипломати Ҷопон

Душанбе. 24-уми май. «Азия-Плюс» — Чанде қабл мулоқоти вазири молияи ҷумҳурӣ Сафаралӣ Наҷмиддинов бо Ваколатдори муваққатии сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон Йошихиро Накаяма доир гардид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз котиботи Вазорати молияи ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар ҷараёни мулоқот атрофи масоил ва мушкилоти мавҷуда дар соҳаи бонкӣ ва чорахои андешида пас аз давраи бӯҳронӣ табодули афкор […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 24-уми май. «Азия-Плюс» — Чанде қабл мулоқоти вазири молияи ҷумҳурӣ Сафаралӣ Наҷмиддинов бо Ваколатдори муваққатии сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон Йошихиро Накаяма доир гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз котиботи Вазорати молияи ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар ҷараёни мулоқот атрофи масоил ва мушкилоти мавҷуда дар соҳаи бонкӣ ва чорахои андешида пас аз давраи бӯҳронӣ табодули афкор сурат гирифт.

Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо ба масоили ҷараёни амалисозии лоиҳаҳои муштараки байнидавлатӣ дар бахшҳои гидроэнергетика, саноат, таъмир ва сохтмони роҳҳо ва ҳамчунин таҳкиму густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои тиҷорат, ҷалби сармоягузорӣ, рушди сохибкорӣ ва ҷорисозии технологияи нав дар иқтисод таваҷҷӯҳи хосса зоҳир сохтанд. «Масоили роҳандозии сиёсати молияву андоз, вазъи кунунӣ, пешгӯйиҳо ва хизматгузории қарзи хориҷӣ, муносиботи Тоҷикистон бо бонкҳо ва созмонҳои байнулмилалии молиявӣ низ дар маркази таваҷҷӯҳи ҷонибҳо қарор дошт», – афзуд сарчашма.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.