БҶ: Кишварҳои ОМ имкони баррасии ошкорои тарҳи «Роғун»-ро дастгирӣ намуданд

Душанбе. 24-уми май. «Азия-Плюс» – Намояндагони ҳукуматҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон, ки рӯзҳои 17-18-уми май дар ҷаласаи нахустин оид ба табодули андеша ва баррасии масоили марбут ба таҳқиқоти тарҳи нерӯгоҳи «Роғун» ширкат варзиданд, имкони баррасии ошкоро ва асосноки тарҳи ин нерӯгоҳ дар сатҳи минтақавиро дастгирӣ намуданд. Дар иттилоияи интишоргардидаи Бонки ҷаҳонӣ доир ба масъалаи […]

Пайрав Чоршанбиев

Душанбе. 24-уми май. «Азия-Плюс» – Намояндагони ҳукуматҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон, ки рӯзҳои 17-18-уми май дар ҷаласаи нахустин оид ба табодули андеша ва баррасии масоили марбут ба таҳқиқоти тарҳи нерӯгоҳи «Роғун» ширкат варзиданд, имкони баррасии ошкоро ва асосноки тарҳи ин нерӯгоҳ дар сатҳи минтақавиро дастгирӣ намуданд.

Дар иттилоияи интишоргардидаи Бонки ҷаҳонӣ доир ба масъалаи мазкур гуфта мешавад дар ҷаласа роҷеъ ба масоили мушкилоти мавҷудаи бехатарии сарбанди нерӯгоҳ, ҳаҷми маҷрои ҷоришавии об ба кишварҳои поёноб ва шаффофияти ҷараёни таҳқиқот табодули афкор сурат гирифта, кулли иштирокчиён ба мувофиқа расиданд, ки табодули мутақобилаи маълумот ва ширкати ҳамаи кишварҳои ҳавза барои шаффофият ва эътимоднокии таҳқиқот зарур аст.

Дар иттилоия ҳамчунин зикр мегардад, ки рӯзи 19-уми май бо иштироки ҳудуди 80 созмону ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ миёни шаҳрҳои Алмаато, Остона, Бишкек, Душанбе ва Тошканд видео-конфронс баргузор карда шуд. Иштирокчиёни он бештар ба баррасии масоили ҳаҷми корҳо дар доираи таҳқиқоти баҳодиҳӣ, ба эътибор гирифтани масоили истеҳсоли энергия ва обёрӣ, бехатарӣ ва тобоварии сарбанди нерӯгоҳ ба заминларза, таъсири сохтмони нерӯгоҳ ба вазъи обёрӣ ва экологии минтақа, кӯчонидани аҳолии дар мавзеи обанбор иқоматдошта ва ширкати фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҷараёни таҳқиқот таваҷҷӯҳи хосса зоҳир сохтанд.

Бино ба маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, чунин машваратҳо дар марҳилаҳои калидии баргузории таҳқиқот доир гардида, тақрибан дар муддати 18 моҳ бонк натоиҷи ниҳоии таҳқиқотро ба даст хоҳад овард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.