Моҳи май БМТ бозори пули нақдии кишварро бо беш аз 10 млн. $ таъмин кард

Date:

Душанбе. 24-уми май. «Азия-Плюс» — Дар зарфи чаҳор моҳи соли равон дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ ба таври нақдӣ беш аз 3 млрд. доллари ИМА хариду фурӯш шудааст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) хабар доданд, бонк баҳри ба тавозун овардани ҳаҷми талабот ва пешниҳод  дар бозори пули нақдии ҷумҳурӣ моҳи апрели соли равон ба нуқтаҳои мубодилаи асъор  9,8 млн. ва дар 18 рӯзи моҳи май 10,4 млн. $ пули нақдро ба фурӯш баровардааст ва минбаъд низ дар сурати зарурат ба ин иқдом даст хоҳад зад.

Ба иттилои манбаъ, аввали моҳи равон дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе камбуди шадиди пули нақди доллари ИМА ба мушоҳида расида, он ба болоравии қурби он нисбати асъори миллӣ боис гардид ва танҳо дар ахири даҳаи аввали моҳи май вазъ дар бозори пули нақди пойтахт пас аз дахолати БМТ то андозае мӯътадил гардид.

Зикр гардид, ки агар дар аввали моҳи равон дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе арзиши 1 доллари ИМА 4,5 сомониро ташкил медод, пас дар охири даҳаи аввали моҳи май он аллакай бо нархи 4,6 сомонӣ харида мешуд.

Айни замон қурби асъори амрикоӣ дар бозори пули нақди пойтахт барои 1 доллари ИМА 4,64-4,66 сомониро ташкил медиҳад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...