Моҳи май БМТ бозори пули нақдии кишварро бо беш аз 10 млн. $ таъмин кард

Душанбе. 24-уми май. «Азия-Плюс» — Дар зарфи чаҳор моҳи соли равон дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ ба таври нақдӣ беш аз 3 млрд. доллари ИМА хариду фурӯш шудааст. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) хабар доданд, бонк баҳри ба тавозун овардани ҳаҷми талабот ва пешниҳод  дар бозори пули нақдии ҷумҳурӣ моҳи апрели […]

Пайрав Чоршанбиев

Душанбе. 24-уми май. «Азия-Плюс» — Дар зарфи чаҳор моҳи соли равон дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ ба таври нақдӣ беш аз 3 млрд. доллари ИМА хариду фурӯш шудааст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) хабар доданд, бонк баҳри ба тавозун овардани ҳаҷми талабот ва пешниҳод  дар бозори пули нақдии ҷумҳурӣ моҳи апрели соли равон ба нуқтаҳои мубодилаи асъор  9,8 млн. ва дар 18 рӯзи моҳи май 10,4 млн. $ пули нақдро ба фурӯш баровардааст ва минбаъд низ дар сурати зарурат ба ин иқдом даст хоҳад зад.

Ба иттилои манбаъ, аввали моҳи равон дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе камбуди шадиди пули нақди доллари ИМА ба мушоҳида расида, он ба болоравии қурби он нисбати асъори миллӣ боис гардид ва танҳо дар ахири даҳаи аввали моҳи май вазъ дар бозори пули нақди пойтахт пас аз дахолати БМТ то андозае мӯътадил гардид.

Зикр гардид, ки агар дар аввали моҳи равон дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе арзиши 1 доллари ИМА 4,5 сомониро ташкил медод, пас дар охири даҳаи аввали моҳи май он аллакай бо нархи 4,6 сомонӣ харида мешуд.

Айни замон қурби асъори амрикоӣ дар бозори пули нақди пойтахт барои 1 доллари ИМА 4,64-4,66 сомониро ташкил медиҳад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.