Парвандаи ҷиноӣ нисбат ба корманди милиса бо далели марги С.Сангов ба додгоҳ ирсол гардид

Душанбе. 24-уми май. «Азия-Плюс» — | Парвандаи ҷиноӣ бо далели марги сокини 37-солаи шаҳри Душанбе Сафаралӣ Сангов, ки ба қавли хешовандонаш, бар асари латукӯби бераҳмона аз ҷониби кормандони милисаи ШКД-и Сино-1-и пойтахт ба ҳалокат расидааст, ба додгоҳ ирсол гардид. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Прокуратураи генералии ҷумхурӣ иттилоъ дод, ба гумони […]

Наргис Ҳамробоева

Душанбе. 24-уми май. «Азия-Плюс» — | Парвандаи ҷиноӣ бо далели марги сокини 37-солаи шаҳри Душанбе Сафаралӣ Сангов, ки ба қавли хешовандонаш, бар асари латукӯби бераҳмона аз ҷониби кормандони милисаи ШКД-и Сино-1-и пойтахт ба ҳалокат расидааст, ба додгоҳ ирсол гардид.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Прокуратураи генералии ҷумхурӣ иттилоъ дод, ба гумони даст доштан дар ин амал корманди милисаи ШКД-и Сино-1 бо моддаи 316, қ. 3


(Баромадан аз ҳадди  ваколатҳои мансабӣ


бо зўроварӣ ё таҳдиди истифодаи он) гунаҳкор дониста мешавад.

Ёдрас мекунем, ки нахуст мақомоти додситонии ноҳияи Синои пойтахт парвандаи ҷиноиро бо айбдорӣ ба хунукназарӣ боз карда буд, вале додситонии шаҳрӣ парвандаи мазкурро таҳти истеҳсолоти худ қарор дода, ба он гунаҳкорӣ тибқи моддаи КҶ-ро пешбинӣ кард.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 1-уми марти соли ҷорӣ кормандони шӯъбаи корҳои дохилии Сино-1-и пойтахт Сафаралӣ Санговро ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт намуданд. Ба қавли хешовандони ҷабрдида, зимни боздошт ва будубош дар ШКД Сангов мавриди латукӯби бераҳмонаи кормандони милиса қарор гирифта, худи ҳамон рӯз ба шӯъбаи эҳёгарии Маркази миллии тиббӣ (Қарияи Боло) оварда мешавад. Пас аз чаҳор рӯз, 5-уми марти соли равон Сафаралӣ Сангов дигар ба ҳуш наомада, ба халокат расид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.