Занони гирифтори бемории СПИД-и Тоҷикистон кӯшиши беҳбуди шароити рӯзгори худро доранд

Date:

Душанбе. 26-уми май. «Азия-Плюс» – | Дар Ҳамоиши миллии нахустини занони гирифтори бемории Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) ва бемории норасоии муҳассали масуният (БНММ) (ВИЧ/СПИД)-и Тоҷикистон, ки рӯзи 23-юми май дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Занони Тоҷикистон ҷонибдори ояндаи бидуни СПИД!» баргузор шуд, дар бораи ташкили Қатънома ҷиҳати ҳалли мушкилоти занони гирифтори бемории СИИД дар Тоҷикистон қарор қабул шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори ташкилоти ҷамъиятии «Маркази солимии равонӣ ва ВИЧ/СПИД-MHAIDS» Манижа Ҳаитова иттилоъ дод, дар ҳамоиш барои таҳияи ҳуҷҷати мазкур як гурӯҳе таъсис дода шуд, ки ба ҳайати он занони гирифтори ин беморӣ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ниҳодҳои байнулмилалӣ ва сохторҳои давлатӣ шомил гардиданд. «Қатъномаи мазкур аз тавсияву пешниҳодоте, ки ба ҳалли мушкилоти занони гирифтори бемории СПИД, беҳбуди шароити рӯзгор, таъмин бо ҷойи кор ва ҳифзи солимии онҳо мусоидат мекунад, иборат хоҳад буд», – гуфт ӯ.

Ба қавли мавсуф, яке аз масъалаи муҳими ҳамоиш – ҷараёни таҳияи гузориши алтернативӣ оид ба CEDAW ( барҳам додани ҳама гуна навъҳои поймолкунии ҳуқуқи занон) аз ҷониби намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ буд, ки дар он эътилофи гендерии иборат аз 96 ташкилот ширкат хоҳад варзид. «Тавсияҳои шомил ба қатъномаи зикршуда ҳамчунин ба гузориши алтернативии CEDAW низ дохил карда шуда, Гузориши миллӣ оид ба барҳам додани ҳама гуна навъи поймолкунии ҳуқуқ нисбат ба занон аллакай аз ҷониби ҳукумати кишвар омода гардидааст», – афзуд номбурда.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...