Занони гирифтори бемории СПИД-и Тоҷикистон кӯшиши беҳбуди шароити рӯзгори худро доранд

Душанбе. 26-уми май. «Азия-Плюс» – | Дар Ҳамоиши миллии нахустини занони гирифтори бемории Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) ва бемории норасоии муҳассали масуният (БНММ) (ВИЧ/СПИД)-и Тоҷикистон, ки рӯзи 23-юми май дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Занони Тоҷикистон ҷонибдори ояндаи бидуни СПИД!» баргузор шуд, дар бораи ташкили Қатънома ҷиҳати ҳалли мушкилоти занони гирифтори бемории СИИД дар […]

Мавҷуда Ҳасанова

Душанбе. 26-уми май. «Азия-Плюс» – | Дар Ҳамоиши миллии нахустини занони гирифтори бемории Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) ва бемории норасоии муҳассали масуният (БНММ) (ВИЧ/СПИД)-и Тоҷикистон, ки рӯзи 23-юми май дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Занони Тоҷикистон ҷонибдори ояндаи бидуни СПИД!» баргузор шуд, дар бораи ташкили Қатънома ҷиҳати ҳалли мушкилоти занони гирифтори бемории СИИД дар Тоҷикистон қарор қабул шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори ташкилоти ҷамъиятии «Маркази солимии равонӣ ва ВИЧ/СПИД-MHAIDS» Манижа Ҳаитова иттилоъ дод, дар ҳамоиш барои таҳияи ҳуҷҷати мазкур як гурӯҳе таъсис дода шуд, ки ба ҳайати он занони гирифтори ин беморӣ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ниҳодҳои байнулмилалӣ ва сохторҳои давлатӣ шомил гардиданд. «Қатъномаи мазкур аз тавсияву пешниҳодоте, ки ба ҳалли мушкилоти занони гирифтори бемории СПИД, беҳбуди шароити рӯзгор, таъмин бо ҷойи кор ва ҳифзи солимии онҳо мусоидат мекунад, иборат хоҳад буд», – гуфт ӯ.

Ба қавли мавсуф, яке аз масъалаи муҳими ҳамоиш – ҷараёни таҳияи гузориши алтернативӣ оид ба CEDAW ( барҳам додани ҳама гуна навъҳои поймолкунии ҳуқуқи занон) аз ҷониби намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ буд, ки дар он эътилофи гендерии иборат аз 96 ташкилот ширкат хоҳад варзид. «Тавсияҳои шомил ба қатъномаи зикршуда ҳамчунин ба гузориши алтернативии CEDAW низ дохил карда шуда, Гузориши миллӣ оид ба барҳам додани ҳама гуна навъи поймолкунии ҳуқуқ нисбат ба занон аллакай аз ҷониби ҳукумати кишвар омода гардидааст», – афзуд номбурда.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.