Маҷлиси умумии нахустини саҳмдорони ҶСК «НБО Роғун» дар Душанбе

Душанбе. 26-уми май. «Азия-Плюс» — | Дар маҷмаии давлатии «Кохи Ваҳдат»-и шаҳри Душанбе бо иштироки нахуствазири кишвар Оқил Оқилов маҷлиси нахустини солонаи саҳмдорони ҶСК «НБО Роғун» ба кор шурӯъ кард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати молияи ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, пеш аз баргузории маҷлис дар саросари ҷумҳурӣ марказҳои бақайдгирии саҳмдорон таъсис дода шуда буданд, то […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 26-уми май. «Азия-Плюс» — | Дар маҷмаии давлатии «Кохи Ваҳдат»-и шаҳри Душанбе бо иштироки нахуствазири кишвар Оқил Оқилов маҷлиси нахустини солонаи саҳмдорони ҶСК «НБО Роғун» ба кор шурӯъ кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати молияи ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, пеш аз баргузории маҷлис дар саросари ҷумҳурӣ марказҳои бақайдгирии саҳмдорон таъсис дода шуда буданд, то ки саҳмдорон худро ба қайд гузошта дар маҷлис ширкат варзанд ва аз рӯйи ин ё он масоил овоз бидиҳанд. «Ҳар  як саҳмдор бо ба қайд гузоштани худ хуқуқи ширкат дар маҷлисро пайдо мекард», – гуфтанд дар вазорат. Дар маҷлиси мазкур ҳамчунин хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» низ иштирок дорад, ки чанде баъд дар бораи натоиҷи он муфассал маълумот хоҳад дод.

Дар Вазорати молия аз пешниҳоди маълумот дар бораи шумораи умумии саҳмдорони нерӯгоҳи «Роғун» ба иллати «маълумоти махфӣ» будан ва танҳо ба саҳмдор ё маҷлиси саҳмдорони Ҷамъият пешниҳод кардани он худдорӣ варзиданд.

Ёдрас мекунем, ки маъракаи фурӯши саҳмияҳо ва сертификатҳои ҶСК «НБО Роғун» бо ташаббуси сарвари давлат 6-уми янари соли 2010 огоз гардида, тобистони соли гузашта бо тавсияи Хазинаи байнулмилалии асъор фурӯши он боздошта шуд.

Бино ба маълумоти Вазорати молияи ҷумҳурӣ, айни замон маблағи умумии саҳмияҳо ва сертификатҳои фурӯхташудаи ҶСК «НБО Роғун» 190 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.