Маъракаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар арафаи анҷомёбист

Date:

Душанбе. 27-уми май. «Азия-Плюс» — | Маъракаи даъват ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ рӯзҳои наздик пурра анҷом меёбад.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи кишвар Фаридун Маҳмадалиев иттилоъ дод, нақшаи даъват дар ҳамаи шаҳру навоҳӣ дар арафаи анҷомёбӣ буда, вазири мудофиаи ҷумҳурӣ генерал-полковник Шералӣ Хайруллоев ба унвони роҳбарони шаҳру навоҳие, ки пеш аз мӯҳлат иҷрои нақшаро таъмин намуданд, номаи сипос ирсол кардааст. «Бино ба маълумоти Раёсати Тадорукоту сафарбарии вазорат, ҳудуди 60%-и даъватшудагони маъракаи мазкур ба таври ихтиёрӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ ҳозир шуданд», – таъкид кард ӯ.

Ёдрас мекунем, ки маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати хатмӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ санаи 1-уми апрел оғоз ёфта, то 31-уми май идома хоҳад ёфт. Барои ташкили маъракаи даъвати ҷавонон ба хизмат дар сатҳи зарурӣ дар кишвар таҳти сарварии муовини нахуствазири ҷумҳурӣ Руқия Қурбонова ситоди ҳукуматӣ таъсис дода шудааст.

Бино ба маълумоти Вазорати мудофиаи кишвар, ҳамасола ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар тақрибан 15-16 ҳазор нафар даъват карда мешаванд. Дар Тоҷикистон зиёда аз 600 ҳазор нафар ҷавонони синнусоли мувофиқ ба хизмати ҳарбӣ ба сар мебаранд, аммо ҳудуди 150 ҳазор нафари онҳо мӯҳлати хизматашонро мавқуф гузоштаанд ё аз хизмат озод карда шудаанд ва ё барои хизмати харбӣ коршоям нестанд. Боз ҳудуди 100 ҳазор нафар шаҳрвандони синнусоли мувофиқ ба хизмати ҳарбии Тоҷикистон дар муҳоҷират қарор доранд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...