Боздиди намояндагони сохтори давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии ҷумҳурӣ аз ИМА

Душанбе. 27-уми май. «Азия-Плюс» — | Дар доираи табиқи барномаи «Ҷаҳони боз» ҳайати 30-нафараи Тоҷикистон, ки аз намояндагони сохторҳои давлатӣ ва созмону ҷамъиятҳои ҷомеаи шаҳрвандиӣ иборат буд, бо мақсади беҳбуди қобилияту малакаҳои худ аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико боздид намуд. Зимни брифинги матбуотӣ ҳамоҳангсоз оид ба умури барномаҳои омӯзишии ИМА дар Тоҷикистон Шафоат Қобилова изҳор дошт, […]

Мавҷуда Ҳасанова

Душанбе. 27-уми май. «Азия-Плюс» — | Дар доираи табиқи барномаи «Ҷаҳони боз» ҳайати 30-нафараи Тоҷикистон, ки аз намояндагони сохторҳои давлатӣ ва созмону ҷамъиятҳои ҷомеаи шаҳрвандиӣ иборат буд, бо мақсади беҳбуди қобилияту малакаҳои худ аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико боздид намуд.

Зимни брифинги матбуотӣ ҳамоҳангсоз оид ба умури барномаҳои омӯзишии ИМА дар Тоҷикистон Шафоат Қобилова изҳор дошт, ки сафари ҳайат аз 12 то 24-уми майи соли ҷорӣ идома ёфта, ҳайат мутобиқи мавзӯъ ба гурӯҳҳои «Таҳкими худидоракунии маҳаллӣ», «Гуногунсозии бахши кишоварзӣ» ва «Туризми экологӣ» тақсим карда шуда буд. «Ҳар яке аз аъзои ҳайат бевосита бо тарзи ҳаёти воқеъии амрикоиҳо аз наздик ошно гардида, дар масоили гуногун бо онҳо табодули афкор намуд», – иброз дошт ӯ.

Шафоат Қобилова мегӯяд, Департаменти давлатии ИМА ҷиҳати рушди касбии хатмкунандагони барнома як қатор имконоту захираҳо пешниҳод менамояд. «Ба хатмкардагони барномаи «Ҷаҳони боз» соли дуввум аст, ки дар шакли қарзҳои хурд 125 ҳазор доллари ИМА (3-5 ҳазорӣ барои ҳар яке) ҷудо карда мешавад, то ки онҳо андешаву ниятҳои тозаи аз сафар ба ИМА ҳосилкардаашонро амалӣ созанд ва ин маблағҳо барои ҳалли мушкилоти глобалӣ пешбинӣ нагардида, танҳо тамоили иҷтимоӣ доранд», – афзуд номбурда.

Қобили зикр аст, ки барномаи «Чаҳони боз» ягона барномаи табодул дар дохили риштаи қонунгузории ҳокимияти ИМА маҳсуб ёфта, ҳамасола аз ҷониби Когресси ИМА маблағгузорӣ мегардад. Барнома соли 1999 аз ҷониби Конгресси ИМА бо ташаббуси ду олими маъруф ва арбоби намоёни ҷамъиятӣ – академик Дмитрий Лихачёв ва директори китобхонаи Конгресси ИМА Ҷеймс Биллингтон таъсис дода шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.