Нигаронии Кумитаи андоз аз афзоиши қарзи корхонаву ташкилот

Душанбе. 27-уми май. «Азия-Плюс» — | Кумитаи андози назди ҳукумати ҷумҳурӣ бобати масъалаи саркашӣ кардани чанде аз корхонаву ташкилотҳои ҷумҳурӣ дар саривақт пардохт намудани маблағҳои андоз изҳори нигаронӣ мекунад. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз кумитаи мазкур иттилоъ доданд, бо мақсади таҳлили вазъи пардохти андоз ва окшор сохтани иллати аслии афзоиши қарзҳо аз пардохти […]

Пайрав Чоршанбиев

Душанбе. 27-уми май. «Азия-Плюс» — | Кумитаи андози назди ҳукумати ҷумҳурӣ бобати масъалаи саркашӣ кардани чанде аз корхонаву ташкилотҳои ҷумҳурӣ дар саривақт пардохт намудани маблағҳои андоз изҳори нигаронӣ мекунад.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз кумитаи мазкур иттилоъ доданд, бо мақсади таҳлили вазъи пардохти андоз ва окшор сохтани иллати аслии афзоиши қарзҳо аз пардохти андоз, кормандони мақомоти андоз дар чанде аз корхонаву ташкилотҳои ноҳияҳои Рӯдакиву Ҳисор як санҷиш доир сохтанд. «Натиҷаҳои санҷиш нишон дод, ки бар асари хунукназарии роҳбарон ба иҷрои ӯҳдадориҳои худ дар пардохти ҳатмии андоз, бақияи қарз аз рӯйи андоз мунтазам афзоиш меёбад», – гуфтанд дар кумитаи мазкур.

Ба иттилои манбаъ, дар ноҳияи Ҳисор қарз аз пардохти андоз ба буҷа дар кооперативи истеҳсолии «Боғистон» – 622 ҳазор сомонӣ, корхонаи «Ҳисор» -и назди Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон – 336 ҳазор сомонӣ, ҶСК «Румӣ» – 8,6 ҳазор сомонӣ, кооперативи истеҳсолии «Калинин» – 232 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. «Кормандони мақомоти андоз зимни таҳлили фаъолияти корхонаҳои дигари ин ноҳия боз дар ҳаҷми 172 ҳазор сомонӣ қарз аз пардохти андозро ошкор сохтанд», – гуфт сарчашма.

Дар Кумитаи андоз хамчунин иброз доштанд, ки аз натиҷаҳои санҷиши корхонаву ташкилотҳои ноҳияи Рӯдакӣ ошкор гардид, ки онҳо аз пардохти андоз дар назди буҷаи давлатӣ дар ҳаҷми 800 ҳазор сомонӣ қарздоранд.  «Роҳбарони корхона иллати афзоиши маблағи пардохти андозро ба болоравии қимати маводи сӯзишворӣ нисбат медиҳанд», – афзуданд дар кумита.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.