«Ориёнбонк» меъёри фоизи қарздиҳӣ бо асъори миллиро поин бурд

Душанбе. 27-уми май. «Азия-Плюс» — | Ҷамъияти саҳҳомии кушоди «Ориёнбонк» фоизи қарздиҳӣ ба мизоҷонро поин бурд. Тавре аз бонки мазкур иттилоъ доданд, қарздиҳӣ ба мизоҷон яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти бонк буда, акнун меъёри фоизӣ аз рӯи қарзҳои «Ориёнбонк» барои мизоҷон хеле дастрас ва қулай шудаанд, ки ин яке аз бартариятҳои муҳим барои мизоҷон ҳангоми […]

Пайрав Чорашанбиев

Душанбе. 27-уми май. «Азия-Плюс» — | Ҷамъияти саҳҳомии кушоди «Ориёнбонк» фоизи қарздиҳӣ ба мизоҷонро поин бурд.

Тавре аз бонки мазкур иттилоъ доданд, қарздиҳӣ ба мизоҷон яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти бонк буда, акнун меъёри фоизӣ аз рӯи қарзҳои «Ориёнбонк» барои мизоҷон хеле дастрас ва қулай шудаанд, ки ин яке аз бартариятҳои муҳим барои мизоҷон ҳангоми интихоби бонк мебошад. «Ориёнбонк бо мақсади муcоидат намудан ба рушди иқтисоди кишвар ва дастгирӣ намудани соҳибкорони ватанӣ, фоизи қарздиҳиро ба мизоҷон бо пули миллӣ аз 34% то 30%-и солона паст намуд», – гуфтанд дар бонк.

Ба иттилои манбаъ, акнун мувофиқи Пайнавишти Ҷаласаи Раёсати ҶСК «Ориёнбонк», аз 1 июни соли ҷорӣ меъёрҳои фоизии қарздиҳӣ дар «Ориёнбонк» чунин мебошанд :   бо асъори миллӣ – 30% солона ва бо асъори хориҷӣ – 26% солона.

Зикр гардид, ки ҳаҷми сандуқи қарзии «Ориёнбонк» ба аввали моҳи апрели соли равон 612, 0 млн. сомониро ташкил дода, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ бонк дар ҳаҷми 504,6 млн. сомонӣ қарзҳо ҷудо кардааст, ки 443, млн. сомонии он баргардонида шудаанд. Қарзҳо асосан ба бахшҳои саноат, кишоварзӣ ва алоқа ихтисос дода шудаанд. Даромади софи бонк ба аввали моҳи апрели соли ҷорӣ 3,9 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 2,3 млн. сомонӣ зиёдтар аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...