Дар фурудгоҳ як зан бо ним кило героин дар меъдааш боздошт шуд

Date:

Душанбе, 30-юми май. «Азия-Плюс» — | Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон зимни баргузории амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе як зани 24-соларо бо миқдоре аз маводи сахттаъсири героин боздошт намуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Агентии мазкур иттилоъ доданд, ба гумони даст доштан дар интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир дар дохили меъда мусофири хатсайри ҳавоии Душанбе-Санкт-Петербург, сокини 24-солаи ноҳияи Рӯдакӣ боздошт шудааст. «Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки ин зан дар дохили меъдааш 52 адад ғилофак (контейнер)-ро бо 500 грамм маводи героин ба хориҷи кишвар интиқол доданӣ будааст», – гуфтанд дар агентӣ.

Ба иттилои манбаъ, аз рӯйи ин далел дар шӯъбаи тафтишоти агентӣ мутобиқи моддаҳои 200, қ. 3 (Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо  мақсади   ба соҳибияти каси дигар додан) 32, қ.3 (Тайёрӣ ба ҷиноят, сўисқасди ҷиноят)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, айни замон ҷиҳати муайян кардани шахсони дигари ба ин амал дастдошта чораҳо андешида мешаванд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...