Ташрифи «ҷонибдори аврупоӣ»-и тарҳи нерӯгоҳи «Роғун» ба Душанбе

Душанбе. 30-юми май. «Азия-Плюс» – | Вакили Парлумони Аврупо Струан Стивенсон, ки ҷонибдор ва муҳофизи фаъоли амалисозии тарҳи нерӯгоҳи барқии «Роғун» дар Аврупо аст, бо сафари дурӯза ба Тоҷикистон ташриф овард. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сардори департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Давлат Назриев хабар дод, дар ҷараёни сафари Стивенсон мулоқоту гуфтушунидҳои ӯ […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 30-юми май. «Азия-Плюс» – | Вакили Парлумони Аврупо Струан Стивенсон, ки ҷонибдор ва муҳофизи фаъоли амалисозии тарҳи нерӯгоҳи барқии «Роғун» дар Аврупо аст, бо сафари дурӯза ба Тоҷикистон ташриф овард.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сардори департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Давлат Назриев хабар дод, дар ҷараёни сафари Стивенсон мулоқоту гуфтушунидҳои ӯ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров, вакилони узви Комиссии экологии парлумон ва ҳамчунин намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар назар аст. «Баррасии масоили боздиди қарибулвуқӯъи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Страсбург ва мулоқоти гуфтушунидҳои ӯ бо намояндагони парлумони Аврупо аз ҳадафхои аслии сафари Стивенсон ба Тоҷикистон маҳсуб меёбанд», – гуфт ӯ.

Қобили зикр аст, ки соли гузашта Струан Стивенсон аз роҳбарони кишварҳои Аврупо даъват ба амал овард, ки аз сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» дар Тоҷикистон пуштибонӣ намоянд, зеро он ба рушди иқтисоди минтақа мусоидат хоҳад кард.

Ба эътиқоди вакили Парлумони Аврупо, мухолифати Ӯзбекистон бобати идомаи сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» ҳеҷ як заминаи воқеъӣ надошта, комилан аз ҷанбаҳои сиёсӣ бархӯрдоранд.

Струан Стивенсон ба ҳайси раиси гурӯҳи байнипарлумонии Иттиҳоди Аврупо оид ба масоили тағйирёбии иқлим, гуногуншаклии биологӣ ва рушди устувор фаъолият мекунад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.