Ширкати нахусти низомиёни Тоҷикистон дар тамринҳои байнулмилалии «Уқоби биёбон-2011»

Душанбе. 30-юми май. «Азия-Плюс» — | Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бори нахуст дар тамринҳои байнулмилалии низомии махсуси тактикии ҳомиёни сулҳ таҳти унвони «Уқоби биёбон» (Степной орёл-2011) дар Қазоқистон, ки аз соли 2003-юм инҷониб доир мегардад, ширкат хоҳанд варзид. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сардори хадамоти матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев иттилоъ дод, Тоҷикистонро дар […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 30-юми май. «Азия-Плюс» — | Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бори нахуст дар тамринҳои байнулмилалии низомии махсуси тактикии ҳомиёни сулҳ таҳти унвони «Уқоби биёбон» (Степной орёл-2011) дар Қазоқистон, ки аз соли 2003-юм инҷониб доир мегардад, ширкат хоҳанд варзид.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сардори хадамоти матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев иттилоъ дод, Тоҷикистонро дар машқҳои низомии мазкур, ки моҳи августи соли ҷорӣ баргузор мешаванд, гурӯҳи фаврии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ намояндагӣ хоҳад кард. «Соли равон баргузории тамринҳои мазкур бо иштироки низомиёни қазоқ, амрикоӣ, бритонӣ, қирғиз, литовӣ ва тоҷик ба нақша гирифта шудааст», – гуфт ӯ.

Ба қавли мавсуф, дар доираи тамринҳо амалиёти ошкор ва нобуд сохтани гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, пешгирии тазоҳуроти ғайримуташаккили ногаҳонии оммавӣ, аз мин безараргардонии қитъаҳо ва вазифаҳои воҳидҳои ҳомиёни сулҳ доир карда мешаванд. «Санҷиши ҳамоҳангии фаъолияти артиши Қазоқистон бо нерӯҳои Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) зимни иҷрои амалиёти таъмини сулҳу субот, беҳбуди малакаҳои амалии фармондеҳон ҳангоми идоракунии мунтазами воҳидҳо ва ҳамчунин роҳандозии амалиёти мутақобила миёни онҳо зимни амалиёти таъмини сулҳ аз ҷумлаи ҳадафҳои аслии баргузории тамрин маҳсуб меёбанд», – афзуд Фаридун Маҳмадалиев.

Қобили зикр аст, ки соли равон низомиёни Тоҷикистону Литва ва Қирғизистон бори нахуст дар ин тамринҳо ширкат мекунанд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.