Дар фурудгоҳ як зан бо ним кило героин дар меъдааш боздошт шуд

Душанбе, 30-юми май. «Азия-Плюс» — | Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон зимни баргузории амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе як зани 24-соларо бо миқдоре аз маводи сахттаъсири героин боздошт намуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Агентии мазкур иттилоъ доданд, ба гумони даст доштан дар интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир дар дохили меъда мусофири […]

Наргис Ҳамробоева

Душанбе, 30-юми май. «Азия-Плюс» — | Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон зимни баргузории амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе як зани 24-соларо бо миқдоре аз маводи сахттаъсири героин боздошт намуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Агентии мазкур иттилоъ доданд, ба гумони даст доштан дар интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир дар дохили меъда мусофири хатсайри ҳавоии Душанбе-Санкт-Петербург, сокини 24-солаи ноҳияи Рӯдакӣ боздошт шудааст. «Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки ин зан дар дохили меъдааш 52 адад ғилофак (контейнер)-ро бо 500 грамм маводи героин ба хориҷи кишвар интиқол доданӣ будааст», – гуфтанд дар агентӣ.

Ба иттилои манбаъ, аз рӯйи ин далел дар шӯъбаи тафтишоти агентӣ мутобиқи моддаҳои 200, қ. 3 (Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо  мақсади   ба соҳибияти каси дигар додан) 32, қ.3 (Тайёрӣ ба ҷиноят, сўисқасди ҷиноят)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, айни замон ҷиҳати муайян кардани шахсони дигари ба ин амал дастдошта чораҳо андешида мешаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.