Оғози Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия

Date:

Душанбе. 30-юми май. «Азия-Плюс» — | Шоми имрӯз дар Театри хурди академии шаҳри Маскав маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия доир мегардад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, барнома бо ҳунарнамоии устодони санъат ва ҷавонони лаёқатманди эҷодкор оғоз мегардад. «Ҳайати Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ, ки аз 60 нафар иборат аст, муовини аввали вазири фарҳангӣ ҷумҳурӣ Миралӣ Достиев  сарварӣ намуда, директори Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия – роҳбари дастгоҳи марказии Вазорати фарҳанг Абдуғаффор Абдуҷабборов, роҳбари бадеӣ – директори маркази эҷодии «Илҳом» – Набӣ Ҷалолов, роҳбари мусиқӣ – Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ – Саидқул Билолов мебошанд. «Қабл аз оғози Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия, дирӯз дар толорҳои Осорхонаи санъати муосири Русия намоишгоҳи маҳсули дасти рассомони тоҷик доир гардида, ба ғайр аз ин, имрӯз дар Китобхонаи давлатии адабиёти хориҷӣ ифтитоҳи намоишгоҳи аксҳо таҳти унвони «Тоҷикистони муосир» дар назар аст», – гуфтанд дар вазорати мазкур.

Ба иттилои манбаъ, дар доираи барномаҳои чорабинӣ дар саҳнаҳои театрҳои шаҳри Маскав спектакли «Рустам ва Сӯҳроб» дар иҷрои ҳунармандони Театри драмавии русии ба номи Маякрвскии шаҳри Душанбе намоиш дода мешавад.

Зикр гардид, ки рӯзи 1-уми июн ҳамчунин баргузории як қатор чорабиниҳои фарҳангии намояндагони Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург ба нақша гирифта шудааст. «Рӯзҳои фарҳанги Точикистон дар Русия дар таърихи 2-юми июн бо баргузории консерти муштараки устодони санъати ҳарду кишвар анҷом хоҳад пазируфт», – афзуд сарчашма. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related