ҲХДТ курсҳои омӯзишии мактаби пешвоёни ҷавонро доир намуд

Душанбе. 30-юми май. «Азия-Плюс» — | Бо ибтикори Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон  рӯзҳои 25 то 28-уми майи соли ҷорӣ дар истироҳатгоҳи «Чайка»-и ноҳияи Варзоб курсҳои омӯзишии мактаби пешвоёни ҷавон баргузор гардид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири шӯъбаи кор бо ҷавонони Дастгоҳи Кумитаи Ичроияи  Марказии […]

Мавҷуда Ҳасанова

Душанбе. 30-юми май. «Азия-Плюс» — | Бо ибтикори Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон  рӯзҳои 25 то 28-уми майи соли ҷорӣ дар истироҳатгоҳи «Чайка»-и ноҳияи Варзоб курсҳои омӯзишии мактаби пешвоёни ҷавон баргузор гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири шӯъбаи кор бо ҷавонони Дастгоҳи Кумитаи Ичроияи  Марказии ҲХДТ Зоирҷон Ҳабибов хабар дод, дар расми кушодашавии он муовини якуми Раиси ҲХДТ С. Сафаров , Вазири маорифи ҶТ Раҳмонов А., мушовири калони Президенти ҶТ Кошонов С. ва Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ Неъматов М. иштирок  ва суханронӣ намуданд. «Ба курси омӯзишии мазкур донишҷӯёни макотиби олии пойтахт ва раисони бахши кор бо ҷавонони ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  даъват шуда, ба онҳо ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи дониши сиёсӣ ходимони давлатӣ ва олимону муҳаққиқони маъруфи кишвар маърӯзаҳо қироат намуданд», – гуфт ӯ.

Ба қавли мавсуф, дар доираи чорабинии мазкур инчунин маҳфили зарифон, озмуни таҳияи рӯзномаи деворӣ ва як қатор мусобиқаҳои варзишӣ баргузор гардида , ба ғолибон аз ҷониби муовини Раиси ҳизб Латипов мукофотҳои таъсиснамудаи Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ тақдим карда шуд. «Ҳадаф аз баргузории курсҳои омӯзишии мазкур – гузоштани заминаи асосии ҷалби ҷавонон ба сафи ҳизб, таъмини суботи ҷомеа, тарғибу ташвиқи ғояҳои созандаи ҳизб, татбиқ намудани ҳадафҳои ҲХДТ, баланд бардоштани маърифати сиёсию ҳуқуқии ҷавонони ҷумҳурӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия намудани насли наврас, ифтихори миллӣ ва дигар мақсадҳои оинномаии ҳизб аст, ки баҳри суботи сиёсии ҷомеа равона карда шудаст», – афзуд Зоирҷон Ҳабибов.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.