Ширкати нахусти низомиёни Тоҷикистон дар тамринҳои байнулмилалии «Уқоби биёбон-2011»

Date:

Душанбе. 30-юми май. «Азия-Плюс» — | Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бори нахуст дар тамринҳои байнулмилалии низомии махсуси тактикии ҳомиёни сулҳ таҳти унвони «Уқоби биёбон» (Степной орёл-2011) дар Қазоқистон, ки аз соли 2003-юм инҷониб доир мегардад, ширкат хоҳанд варзид.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сардори хадамоти матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев иттилоъ дод, Тоҷикистонро дар машқҳои низомии мазкур, ки моҳи августи соли ҷорӣ баргузор мешаванд, гурӯҳи фаврии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ намояндагӣ хоҳад кард. «Соли равон баргузории тамринҳои мазкур бо иштироки низомиёни қазоқ, амрикоӣ, бритонӣ, қирғиз, литовӣ ва тоҷик ба нақша гирифта шудааст», – гуфт ӯ.

Ба қавли мавсуф, дар доираи тамринҳо амалиёти ошкор ва нобуд сохтани гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, пешгирии тазоҳуроти ғайримуташаккили ногаҳонии оммавӣ, аз мин безараргардонии қитъаҳо ва вазифаҳои воҳидҳои ҳомиёни сулҳ доир карда мешаванд. «Санҷиши ҳамоҳангии фаъолияти артиши Қазоқистон бо нерӯҳои Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) зимни иҷрои амалиёти таъмини сулҳу субот, беҳбуди малакаҳои амалии фармондеҳон ҳангоми идоракунии мунтазами воҳидҳо ва ҳамчунин роҳандозии амалиёти мутақобила миёни онҳо зимни амалиёти таъмини сулҳ аз ҷумлаи ҳадафҳои аслии баргузории тамрин маҳсуб меёбанд», – афзуд Фаридун Маҳмадалиев.

Қобили зикр аст, ки соли равон низомиёни Тоҷикистону Литва ва Қирғизистон бори нахуст дар ин тамринҳо ширкат мекунанд. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...