Душанбе. 30-юми май. «Азия-Плюс» — | Як ҳайати иборат аз 8 нафари бостоншиносони Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти сарварии профессори Донишкадаи омӯзиши фарҳанг ва маърифати бостоншиносии мардумии вилояти Синчияни Чин Ванг Ҷиансин бо мақсади шиносии наздик бо ҳафриёти бостоншиносии ҷумҳурӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сармутахассиси хадамоти матбуоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ Раҳматулло Раҳматуллоев хабар дод, чанде қабл ин ҳайатро вазири фарҳанги кишвар Мирзошоҳрух Асрорӣ ба ҳузур пазируфт. «Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масоили густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши омӯзиши ҳафриёти бостоншиносиро мавриди баррасӣ қарор доданд», – гуфтанд дар вазорат.
Бостоншиноси Чин Ванг Ҷинсиан зкир кард, ки ҳадафи сафари ҳайат – шиносоии наздик ва омӯзиши ҳафриёти бостоншиносӣ дар қаламрави Тоҷикистон аст. «Ҳайати мазкур бо ҳафриёти бостоншиносии шаҳраки қадимаи Ҳулбук, Аҷинатеппа, Қалъаи Ҳисор ва ноҳияи Шаҳритӯс аз наздик ошно хоҳанд гардид», – афзуд сарчашма.


