Нигаронии сарвари давлат аз болоравии қимати маводи сӯзишворӣ

Душанбе. 30-юми май. «Азия-Плюс» — |Зимни суханронии худ дар ҷаласаи Шӯрои миллии рушд президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бобати таъсири манфии болоравии қимати маводи сӯзишворӣ ба вазъи иқтисодиву иҷтимоии кишвар, бахусус қишри осебпазири аҳолии ҷумҳурӣ изҳори нигаронӣ кард. Дар робита ба ин масъала сарвари давлат гуфт, айни замон дар бозори истеъмолии кишвар зуҳуроти номатлубе арзи вуҷуд […]

Азия-Плюс

Душанбе. 30-юми май. «Азия-Плюс» — |Зимни суханронии худ дар ҷаласаи Шӯрои миллии рушд президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бобати таъсири манфии болоравии қимати маводи сӯзишворӣ ба вазъи иқтисодиву иҷтимоии кишвар, бахусус қишри осебпазири аҳолии ҷумҳурӣ изҳори нигаронӣ кард.

Дар робита ба ин масъала сарвари давлат гуфт, айни замон дар бозори истеъмолии кишвар зуҳуроти номатлубе арзи вуҷуд карда истодаанд, ки онҳо дар фазои иқтисодии мамлакат мушкилиҳо эҷод менамоянд. «Алалхусус, болоравии нархи маводи сўзишворӣ, ки дар натиҷаи афзоиши нархи он дар бозори ҷаҳонӣ ва баланд бардоштани боҷу пардохтҳои гумрукӣ аз ҷониби баъзе кишварҳои содиркунанда ба вуқўъ пайваст, суботи бозори истеъмолӣ ва ҳамзамон ҳолати иҷтимоиро дар кишвар халалдор намуд. Аз ин сабаб сатҳи таваррум дар моҳҳои январ-апрели соли ҷорӣ то ба 6,1 фоиз расидааст», – иброз дошт ӯ.

 Сарвари давлат ҳамчунин зикр кард, ки вазъияти баамаломада ба тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ таъсири манфӣ расонид ва ин раванд, пеш аз ҳама, табақаҳои осебпазири аҳолиро фаро гирифта истодааст, ки боиси нигаронист.

Ёдрас мекунем, ки дар қароргоҳи шаҳрии ҳукумати ҷумҳурӣ таҳти раёсати президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи навбатии Шӯрои миллии рушд баргузор шуд. Дар ҷаласа масоили марбут ба амалисозии барномаи «Стратегияи миллии рушд: афзалиятҳои миллӣ ва омилҳои таъсиррасон ба татбиқи он» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар кори чаласа роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва ҳамчунин шарикони Тоҷикистон оид ба рушд ширкат варзиданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.