Русия қимати боҷи содиротӣ ба бензинро боз боло бурд

Душанбе. 30-юми май. «Азия-Плюс» — | Нахуствазири Русия Владимир Путин ҳафтаи гузашта қарореро ба имзо расонид, ки мутобиқи он меъёри афзудаи боҷи содиротӣ ба бензин аз Русия, ки ҳамин моҳ ҷорӣ гардид, то моҳи июли соли равон ҳамин гуна боқӣ хоҳад монд. Бино ба иттилои хабаргузории РИА «Новости», ҳамин тариқ, қимати боҷи содиротӣ ба бензин […]

Пайрав Чоршанбиев

Душанбе. 30-юми май. «Азия-Плюс» — | Нахуствазири Русия Владимир Путин ҳафтаи гузашта қарореро ба имзо расонид, ки мутобиқи он меъёри афзудаи боҷи содиротӣ ба бензин аз Русия, ки ҳамин моҳ ҷорӣ гардид, то моҳи июли соли равон ҳамин гуна боқӣ хоҳад монд.

Бино ба иттилои хабаргузории РИА «Новости», ҳамин тариқ, қимати боҷи содиротӣ ба бензин аз Русия шурӯъ аз 1-уми июни соли ҷорӣ аз 408,3 $ то 415,8 $ ва маҳсулоти нафтии коркардшуда аз 304 то 309,6 $ барои 1 тонна афзуда мешавад.

Ҳукумати Русия дар заминаи болоравии қимати бензин ва камбуди маводи сӯзишворӣ дар бозори дохилӣ, тасмим гирифт, ки аз 1-уми май қимати боҷи содиротӣ ба бензинро аз нақшаи қаблан пешбинишуда бештар – ба андозаи 44% дар муқоиса бо арзиши моҳи апрел зиёд кунад.

Дар ҳамин ҳол, намояндагони ҳукумати Русия чандин маротиба изҳор дошта буданд, ки ин чораҳо муваққатӣ буда, бо ҳалли мушкилоти камбуди маводи сӯзишворӣ, он бекор карда хоҳад шуд.

Қобили зикр аст, ки бар асари чунин тасмимгирҳои Русия, қимати бензин дар Тоҷикистон босуръат боло рафт, зеро Русия таъминкунандаи асосии ҷумҳурӣ бо маводи сӯзишворӣ аст.

Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ аз Русия ба Тоҷикистон 112 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст, ки 79,3% аз ҳаҷми умумиро ташкил медиҳад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.