Мулоқоти сеюми ҳамасолаи муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ОМ дар Ашқобод

Душанбе. 30-юми май. «Азия-Плюс» — | Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов ҷиҳати иштирок дар мулоқоти сеюми ҳамасолаи муовинони вазирони корҳои хориҷии Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туруманистон ва Ӯзбекистон озими пойтахти Туркманистон – шаҳри Ашқобод шуд. Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, мулоқот пагоҳ оғоз гардида, он аз ҷониби Маркази минтақавии […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 30-юми май. «Азия-Плюс» — | Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов ҷиҳати иштирок дар мулоқоти сеюми ҳамасолаи муовинони вазирони корҳои хориҷии Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туруманистон ва Ӯзбекистон озими пойтахти Туркманистон – шаҳри Ашқобод шуд.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, мулоқот пагоҳ оғоз гардида, он аз ҷониби Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда дар минтақаи Осиёи Марказӣ созмон дода шудааст.

Ба иттилои манбаъ, дар мулоқот баррасии масоили густариши ҳамкории минтақавӣ ва роҳу воситаҳои мусоидати Маркази мазкури СММ ба кишварҳои минтақа ҷиҳати пешгирии таҳдидҳо ба амният ва рушди босубот дар назар аст.

Қобили зикр аст, ки Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда дар минтақаи Осиёи Марказӣ иқдоми махсуси сиёсии СММ маҳсуб ёфта, бо ташаббуси панҷ кишвари минтақа – Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон таъсис дода шудааст. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.