Ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СААД дар Минск

Душанбе, 30-юми май, «Азия-Плюс» — | Имрӯз, 30 майи соли 2011, муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудҷон Собиров бо мақсади иштирок дар кори ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки 31 майи соли 2011 баргузор мегардад, ба шаҳри Минск сафар намуд.  Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии […]

Азия-Плюс

Душанбе, 30-юми май, «Азия-Плюс» — | Имрӯз, 30 майи соли 2011, муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудҷон Собиров бо мақсади иштирок дар кори ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки 31 майи соли 2011 баргузор мегардад, ба шаҳри Минск сафар намуд.

 Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар рафти ҷаласа масъалаҳои амалисозии қарорҳои ҷаласаи моҳи декабри (2010) Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД ва самтҳои асосии фаъолияти созмон дар соли 2011, рушди вазъи байналмилалӣ, ҳамкории СААД бо созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин дигар масъалаҳои вобаста ба таъмини амнияти минтақавӣ баррасӣ мегарданд.

 Дар чаҳорчӯби ин ҷаласа вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко бо раҳбарони вазоратҳои корҳои хориҷии кишварҳои узви СААД дар назар аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.