Сарвари давлат тоҷикистониёни наврасро бо идашон табрик мегӯяд

Date:

Душанбе. 1-уми июн. «Азия-Плюс» — | Имрӯз дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи кӯдакон таҳти унвони «Сапеда» ҷашнвораи умумиҷумҳуриявии кӯдакон ва наврасони лаёқатманд оғоз мегардад ва интизор меравад, ки дар он кӯдакону наврасонро шахсан президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Рахмон бо идашон табрик хоҳад гуфт.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» директори КВД «Базморо»-и Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ва ҳамзамон директори ҷашнвораи мазкур Олим Акрамов хабар дод, дар ҷашнвора ҳудуди як ҳазор нафар кӯдакону наврасони лаёқатманд, ки дар давраҳои интихобии ҷашнвора дар шаҳру ноҳияҳо ғолибият ба даст овардаанд, ширкат хоҳанд варзид.

Ба қавли мавсуф, ҳадаф аз баргузории ҷашнвора – ташкил ва таъмини шароит барои андешаронии эҷодӣ ва ихтироъкоронаи кӯдакону наврасон, дарёфти чеҳраҳои нави лаёқатманд, сарояндагону мусиқачиёни ҷавон, рассомон, фароҳам сохтани шароит ҷиҳати рушди оинҳои миллӣ, тарбияи андешаронии фарҳангиву маънавӣ ба кӯдакону наврасон ва ғайра аст.

Қабл аз оғози ҷашнвора намоишгоҳи офаридаҳои беҳтарини кӯдакону наврасон доир гардида, дар он намунаҳои корҳои рассомон, заргарон, дӯзандагон ва ихтироъкорони ҷавон дар бахши технологияи инноватсионӣ ба маърази тамошо гузошта хоҳад шуд. Ҳамчунин дар доираи Рӯзи ҷаҳонии кӯдакон дар варзишгоҳи «Спартак»-и пойтахт низ чорабиниҳои идона баргузор мешаванд.

Ба гуфтаи котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов, соли равон чун анъана ба муносибати ин ҷашн дар боғҳои истироҳату фароғати пойтахт намоишгоҳи корҳои рассомон ва аксгирандагони ҷавон ва ҳамчунин мусобиқоти варзишӣ доир мегардад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...