Дар Ашқобод масоили густариши ҳамкорӣ миёни кишварҳои минтақа баррасӣ шуд

Душанбе. 1-уми июн. «Азия-Плюс» — | Дар ҷараёни баргузории ҷаласаи сеюми муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар Ашқобод, ки аз ҷониби Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда дар минтақаи ОМ созмон дода шуд, масоили муҳими густариши ҳамкории минтақавӣ ва ҳамчунин роҳу воситаҳои мусоидати Маркази мазкури СММ ба кишварҳои минтақа ҷиҳати пешгирии […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 1-уми июн. «Азия-Плюс» — | Дар ҷараёни баргузории ҷаласаи сеюми муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар Ашқобод, ки аз ҷониби Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда дар минтақаи ОМ созмон дода шуд, масоили муҳими густариши ҳамкории минтақавӣ ва ҳамчунин роҳу воситаҳои мусоидати Маркази мазкури СММ ба кишварҳои минтақа ҷиҳати пешгирии таҳдидҳо ба амният ва рушди босубот баррасӣ шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Маркази мазкур иттилоъ доданд, дар ҷаласа гузориши роҳбари Маркази минтақавӣ оид ба фаъолият дар соли 2010 шунида шуда, самтҳои афзалиятноки фаъолияти он дар соли равон муайян карда шуданд. Иштирокдорони ҷаласа бобати вазъи минтақа аз лиҳози таъмини амният ва Барномаи нави амали Марказ барои солҳои 2010-2014, ки маҳаки ташаббусҳои Марказ барои се соли минбаъдаро ташкил медиҳад, табодули афкор намуданд.

Ба иттилои манбаъ, зимни баҳсу муколамаҳо ҳамчунин ба масъалаҳои марбут ба ҷинояткории фаромарзӣ, ифротгароӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, вазъи Афғонистону Қирғизистон, идоракунии захираҳои умумии табиӣ ва таъмини амнияти экологӣ низ таваҷҷӯҳ зоҳир гардид. «Иштирокчиёни мулоқот роҳандозӣ ва густариши ҳарчи бештари ҳамкориҳои минтақавӣ дар асоси муколама, усулҳои дипломатияи пешгирикунанда ва идомаи робита бо СММ ва созмонҳои байнулмилалиро муҳим арзёбӣ карданд», – афзуд сарчашма.

Ёдрас мекунем, ки Тоҷикистонро дар мулоқоти мазкур муовини вазири корхои хориҷии ҷумҳурӣ Низомиддин Зоҳидов намояндагӣ кард. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.