АНМН ҷашни солгарди навбатии таъсисёбиашро таҷлил мекунад

Душанбе. 1-уми июн. «Азия-Плюс» — | Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон ба муносибати 12-умин солгарди таъсисёбии ин ниҳод маросими тантанавии савгандёдкунии 24 нафар кормандони ҷавон доир мегардад. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз шӯъбаи робита бо ҷомеаи агентии мазкур иттилоъ доданд, мутобиқи фармони директори Агентӣ Рустам Назаров як зумра кормандони ба […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 1-уми июн. «Азия-Плюс» — | Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон ба муносибати 12-умин солгарди таъсисёбии ин ниҳод маросими тантанавии савгандёдкунии 24 нафар кормандони ҷавон доир мегардад.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз шӯъбаи робита бо ҷомеаи агентии мазкур иттилоъ доданд, мутобиқи фармони директори Агентӣ Рустам Назаров як зумра кормандони ба комёбиҳо ноилгардидаи агентӣ бо ифтихорномаҳо ва тӯҳфаҳои арзишманд қадрдонӣ карда хоҳанд шуд.

Ёдрас мекунем, ки Агентии мазкур бо фармони президенти Тоҷикистон ва дастгирии молиявии СММ 1-уми июни соли 1999 таъсис ёфта, дар таҷрибаи Созмони Милали Муттаҳид аз нахустин чунин барномаҳои амалишуда маҳсуб меёбад.

Дар тӯли фаъолият Агентии мазкур дар ҳамдастӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ, кишварҳои узви ИДМ ва Афғонистон ҳудуди 22 тонна маводи мухаддирро мусодира намуда, ба фаъолияти беш аз 300 гурӯҳҳои қочоқгари маводи нашъавоар хотима бахшид. Агар ин миқдор героин то ба истеъмолгарон мерасид, ҳудуди 40 млн. нафар ба нашъамандӣ гирифтор шуда метавонистанд.

Барои меҳнати фидокорона, мардонагиву ҷасорат зимни иҷрои вазифаҳои хидматӣ даҳҳо кормандони агентӣ бо медалу орденҳои Тоҷикистон сарфароз гардонида шудаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.