Ашқобод: Баррасии масъалаи имкони афзоиши ҳаҷми воридоти маводи сӯзишвории Туркманистон ба ҷумҳурӣ

Date:

Душанбе. 2-юми июн. «Азия-Плюс» — |Рӯзҳои 7-8-уми июни соли ҷорӣ дар пойтахти Туркманистон – шаҳри Ашқобод ҷаласаи сеюми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва илмиву техникии Туркманистону Тоҷикистон баргузор мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар ҷаласа баррасии масъалаи вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар бахши энергетика дар назар аст.

Ба иттилои манбаъ, интизор меравад, ки масъалаи афзоиши ҳаҷми воридоти маводи сӯзишворӣ аз Туркманистон ба кишвари мо низ мавриди баррасӣ қарор гирад. «Баррасии масъалаи таҳкими минбаъади ҳамкориҳо дар бахшҳои кишоварзӣ, коммуникатсия ва фарҳанг низ ба нақша гирифта шудааст», – гуфтанд дар вазорати мазкур.

 Зикр гардид, ки ҳайати Тоҷикистонро дар ин ҷаласа вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Гул Шералӣ сарварӣ хоҳад кард.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ, дар зарфи чаҳор моҳи соли равон ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистон Туркманистон 39,5 млн. доллари ИМА-ро ташкил додаст, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои ҳамин давраи соли гузашта қариб ду баробар зиёд аст.

Дар моҳҳои январ-апрели соли равон ба Тоҷикистон аз Туркманистон дар ҳаҷми 38,9 млн. доллари ИМА маҳсулот ворид гардида, ҳаҷми маҳсулоти содиротии Тоҷикистон ба ин кишвар 600 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил додааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...