Ашқобод: Баррасии масъалаи имкони афзоиши ҳаҷми воридоти маводи сӯзишвории Туркманистон ба ҷумҳурӣ

Душанбе. 2-юми июн. «Азия-Плюс» — |Рӯзҳои 7-8-уми июни соли ҷорӣ дар пойтахти Туркманистон – шаҳри Ашқобод ҷаласаи сеюми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва илмиву техникии Туркманистону Тоҷикистон баргузор мешавад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар ҷаласа баррасии масъалаи вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои […]

Пайрав Чоршанбиев

Душанбе. 2-юми июн. «Азия-Плюс» — |Рӯзҳои 7-8-уми июни соли ҷорӣ дар пойтахти Туркманистон – шаҳри Ашқобод ҷаласаи сеюми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва илмиву техникии Туркманистону Тоҷикистон баргузор мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар ҷаласа баррасии масъалаи вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар бахши энергетика дар назар аст.

Ба иттилои манбаъ, интизор меравад, ки масъалаи афзоиши ҳаҷми воридоти маводи сӯзишворӣ аз Туркманистон ба кишвари мо низ мавриди баррасӣ қарор гирад. «Баррасии масъалаи таҳкими минбаъади ҳамкориҳо дар бахшҳои кишоварзӣ, коммуникатсия ва фарҳанг низ ба нақша гирифта шудааст», – гуфтанд дар вазорати мазкур.

 Зикр гардид, ки ҳайати Тоҷикистонро дар ин ҷаласа вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Гул Шералӣ сарварӣ хоҳад кард.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ, дар зарфи чаҳор моҳи соли равон ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистон Туркманистон 39,5 млн. доллари ИМА-ро ташкил додаст, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои ҳамин давраи соли гузашта қариб ду баробар зиёд аст.

Дар моҳҳои январ-апрели соли равон ба Тоҷикистон аз Туркманистон дар ҳаҷми 38,9 млн. доллари ИМА маҳсулот ворид гардида, ҳаҷми маҳсулоти содиротии Тоҷикистон ба ин кишвар 600 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил додааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.