Роҳбари хадамоти назорат дар бахши нақлиёт мусофиронро ба ҳифзи ҳуқуқҳояшон даъват мекунад

Душанбе. 2-юми июн. «Азия-Плюс» — Дар рӯзи аввали ҷоришавии тарофаҳои нав ба қимати роҳкирои нақлиёти мусофиркаш дар пойтахт мусофирон ба як қатор мушкилот дучор шуданд. Сардори Хадамоти давлатии назорат дар бахши нақлиёти шаҳри Душанбе Фирӯз Расулов сабаби ин ҳолатро чунин шарҳ дод: «Ҳамаи ин мушкилот бар асари шарҳи нодурусти қарори раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев аз […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 2-юми июн. «Азия-Плюс» — Дар рӯзи аввали ҷоришавии тарофаҳои нав ба қимати роҳкирои нақлиёти мусофиркаш дар пойтахт мусофирон ба як қатор мушкилот дучор шуданд.

Сардори Хадамоти давлатии назорат дар бахши нақлиёти шаҳри Душанбе Фирӯз Расулов сабаби ин ҳолатро чунин шарҳ дод: «Ҳамаи ин мушкилот бар асари шарҳи нодурусти қарори раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев аз ҷониби ронандагон ба вуҷуд меояд».

Ба қавли Расулов, мусофиронро бештар масъалаи кам шудани масофаи ҳаракати нақлиёт ва аз ҷониби ронандагон эълон накардани нуқтаи охирини хатсайр ба ташвиш гузоштааст.

Ҳамчунин масъалаи аз ҷониби ронандагон ба додани бақия шитоб накардан низ яке аз масъъалаҳои рӯзмарра ба шумор меравад.

«Мутаассифона, дар арзу шикояти ба мо расида роҷеъ ба ин мушкилот рақамҳои нақлиёте, ки ронандагонаш ба чунин амалҳо роҳ додаанд, зикр наёфтаанд», – иброз дошт Ф.Расулов.

Номбурда аз мусофирони нақлиёти ҷамъиятии пойтахт даъват ба амал овард, ки ба ошкор сохтани ронандагоне, ки қимати роҳкироро беасос боло мебаранду худсарона ҳаракат дар хатсайрҳоро тағйир медиҳанд, фаъолона иштирок намоянд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.