Ғорати як соҳибкори эронӣ дар маркази пойтахт

Душанбе. 2-юми июн. «Азия-Плюс» — | Кормандони милисаи шаҳри Душанбе пайи ҷустуҷӯи шахсоне мебошанд, ки дар маркази пойтахт соҳибкори эрониро ғорат кардаанд. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, як соҳибкори эронӣ ба кормандони милисаи шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансур муроҷиат намуда, изҳор доштааст, ки рӯзи 1-уми июн ӯ […]

Наргис Ҳамробоева

Душанбе. 2-юми июн. «Азия-Плюс» — | Кормандони милисаи шаҳри Душанбе пайи ҷустуҷӯи шахсоне мебошанд, ки дар маркази пойтахт соҳибкори эрониро ғорат кардаанд.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, як соҳибкори эронӣ ба кормандони милисаи шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансур муроҷиат намуда, изҳор доштааст, ки рӯзи 1-уми июн ӯ дар майдони «800-солагии Маскав», дар назди театри опера ва балет мавриди ғорат қарор гирифтааст. «Шахсони номаълум сумкаи соҳибкорро дуздидаанд, ки дар дохили он ҳуҷҷатхои шахсӣ ва миқдори зиёди пули нақд – 7,5 ҳазор доллари ИМА ва 250 ҳазор риёли эронӣ мавҷуд будааст», – гуфтанд дар вазорати мазкур.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, ҳодисаҳои содир намудани ҷинояти дуздиву ғорат аз ҷиноёти сершумор дар Тоҷикистон маҳсуб ёфта, танҳо шабонарӯзи гузашта дар кишвар расман 8 ҳодисаи дуздӣ ба қайд гирифта шудааст, ки 6-тои он базудӣ ошкор шудааст. Соли равон бошад, 1 ҳазору 892 ҷинояти дуздӣ сабт гардида, 1 ҳазору 726-тои он ошкор гардидааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.