Дар Тоҷикистон истихроҷи ангишт афзоиш ёфт

Душанбе. 2-юми июн. «Азия-Плюс» — | Соли равон дар Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7 ҳазору 138 тонна бештар ангишт истихроҷ карда шудааст. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати энергетика ва саноати кишвар хабар доданд, дар зарфи панҷ моҳи соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ беш аз 31 ҳазору 483 тонна ангишт истихроҷ […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 2-юми июн. «Азия-Плюс» — | Соли равон дар Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7 ҳазору 138 тонна бештар ангишт истихроҷ карда шудааст.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати энергетика ва саноати кишвар хабар доданд, дар зарфи панҷ моҳи соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ беш аз 31 ҳазору 483 тонна ангишт истихроҷ гардида, он тавассути 1906 нуқтаи махсус ба корхонаҳову бахши хусусӣ фурӯхта мешавад. Дар ҷумҳурӣ 10 ширкат ба истихроҷи ангишт машғуланд.

«Феълан дар Тоҷикистон бо назардошти боқимондаҳои соли гузашта ҳудуди 50 ҳазор тонна ангишт захира карда шудааст», – гуфтанд дар вазорати мазкур.

Бино ба маълумоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҷумҳурӣ, тайи чаҳор моҳи соли равон ба кишвар ҳудуди 3,5 ҳазор тонна ангишт ворид шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.