Душанбе. 2-юми июн. «Азия-Плюс» – | Собиқ директори бахши тиҷоратии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ Ҳабибулло Ташрифов, ки аз ҷониби суд дар қаллобии ба миқдори махсусан калон ва сохтакории ҳуҷҷатҳо гунаҳкор дониста шудааст, аз толори додгоҳ озод гардид.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» раисикунандаи ин мурофиаи судӣ, додраси ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Бахтиёр Искандаров хабар дод, додгоҳ Ҳ.Ташрифовро ба пардохти ҷарима дар ҳаҷми 61,5 ҳазор сомонӣ (зиёда аз 13,6 ҳазор доллар) муваззаф сохта, молу мулкашро мусодира кард. Ба ҷуз ин, ӯ аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ба мӯҳлати 1,5 сол маҳрум карда шуд. «Ҳамроҳи Ташрифов мансабдори дигари Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ – корманди шӯъбаи кадрҳо Олим Раҳимов низ ба қаллобии хидматӣ гунаҳкор дониста шуда, ба пардохти ҷарима ба давлат дар ҳаҷми 3,5 ҳазор сомонӣ ӯҳдадор гардид», – гуфт додрас.
Ҳабибулло Ташрифов тирамоҳи соли 2010 аз ҷониби кормандони Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ ба гумони ситонидани ришва ба маблағи 30 ҳазор доллар боздошт гардида буд.
Ёдрас мекунем, ки тобистони соли гузашта ба Кодекси ҷиноии ҶТ тағйирот ворид гардида, мутобиқи он шахсони содиркардаи ҷиноёти иқтисодӣ, дар сурати ҷуброни хисорот ба давлат ва пардохти ҷаримаи пешбинишуда, аз ҷазои ҷиноӣ метавонанд озод карда шаванд.


