Тӯраҷонзода муштариёни сомонаи худро ба ҷустуҷӯйи воситаҳои алтернативии дастрасӣ даъват кард

Душанбе. 2-юми июн. «Азия-Плюс» — | Рӯҳонии маъруф ва сиёсатмадори варзидаи ҷумҳурӣ Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода аз ҳамаи истифодабарандоги сомонаи www.turajon.com даъват ба амал овард, ки воситаҳои алтернативии дастрасӣ ба сомона, аз ҷумла тавассути прокси-серверро ҷустуҷӯ кунанд. Дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» Тӯраҷонзода изҳор дошт, ки дар манъи дастрасӣ ба сомонаи зикршуда ба ҷуз тавсияи […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 2-юми июн. «Азия-Плюс» — | Рӯҳонии маъруф ва сиёсатмадори варзидаи ҷумҳурӣ Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода аз ҳамаи истифодабарандоги сомонаи

www.turajon.com

даъват ба амал овард, ки воситаҳои алтернативии дастрасӣ ба сомона, аз ҷумла тавассути прокси-серверро ҷустуҷӯ кунанд.

Дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» Тӯраҷонзода изҳор дошт, ки дар манъи дастрасӣ ба сомонаи зикршуда ба ҷуз тавсияи роҳбари Хадамоти алоқаи назди ҳукумат Бег Зуҳуров, ҳамчунин беҷуръативу дудилагии интернет-провайдерони Тоҷикистон низ боис гардидааст.

«Ҳангоми манъи дастрасӣ ба сомона ман дар хориҷи кишвар қарор доштам, ва пас аз бозгашт ба ватан, бо номаи Бег Зуҳуров ошно гардида, воқиф шудам, ки роҳбари Хадамоти алоқа аз провайдерон на талаб, балки дархост мекунад, ки «бинобар ба вуҷуд омадани мушкилоти техникӣ муваққатан дастрасии муштариён ба сомона манъ карда шавад», – гуфт ӯ.

Ёдрас мекунем, ки дар таърихи 20-уми майи соли ҷорӣ бо дархости Хадамоти алоқаи назди ҳукумати кишвар дастрасӣ ба сомонае, ки дар он мақолаву гузориш ва андешаву назарҳои бародарон Тӯраҷонзодаҳо – Ҳоҷӣ Акбар, рӯҳониён Эшони Нуриддин ва Эшони Маҳмудҷон дар бораи фарҳанги исломӣ нашр мешуданд, манъ карда шуд. Ҳамчунин робитаи мутақобилаи истифодабарандагони сомона низ манъ гардид.

Сомонаи мазкур дар дохил ва хориҷи кишвар ҳаводорони зиёде дошта, дар муддати як соли фаъолият аз он як миллион нафар муштариён истифода кардаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.