Дар Суғд волидайн кӯдаки навзодро ба ивази 500 $ фурӯхтанд

Date:

Хуҷанд. 14-уми июн. «Азия-Плюс» — | Дар вилояти Суғд падару модар духтарчаи навзоди худро дар худи таваллудхона ба ивази 500 $ фурӯхтанд.

Тавре ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Раёсати корҳои дохилии вилоят иттилоъ дод, зимни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ муқаррар карда шудааст, ки дар таърихи 1-уми январи соли равон дар таваллудхонаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сокини ҳамин ноҳия Гулнора Қодирова дугоник – ду духтар таваллуд мекунад. «Сипас тибқи маслиҳати пешакӣ бо шавҳараш А.Солибоев онҳо яке аз духтарчаҳоро ба ивази 500 $ дар ҳамон таваллудхона ба сокини ҷамоати Унҷии ноҳияи мазкур фурӯхтаанд», – гуфт манбаъ.

Зикр гардид, ки аз рӯйи ин далел нисбат ба падару модари духтарча Г.Қодирова ва А.Солибоев тибқи моддаи 167, қ. 2-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Хариду фурӯши ноболиғон) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...