Дар Суғд волидайн кӯдаки навзодро ба ивази 500 $ фурӯхтанд

Хуҷанд. 14-уми июн. «Азия-Плюс» — | Дар вилояти Суғд падару модар духтарчаи навзоди худро дар худи таваллудхона ба ивази 500 $ фурӯхтанд. Тавре ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Раёсати корҳои дохилии вилоят иттилоъ дод, зимни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ муқаррар карда шудааст, ки дар таърихи 1-уми январи соли равон дар таваллудхонаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров […]

Хуҷанд. 14-уми июн. «Азия-Плюс» — | Дар вилояти Суғд падару модар духтарчаи навзоди худро дар худи таваллудхона ба ивази 500 $ фурӯхтанд.

Тавре ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Раёсати корҳои дохилии вилоят иттилоъ дод, зимни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ муқаррар карда шудааст, ки дар таърихи 1-уми январи соли равон дар таваллудхонаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сокини ҳамин ноҳия Гулнора Қодирова дугоник – ду духтар таваллуд мекунад. «Сипас тибқи маслиҳати пешакӣ бо шавҳараш А.Солибоев онҳо яке аз духтарчаҳоро ба ивази 500 $ дар ҳамон таваллудхона ба сокини ҷамоати Унҷии ноҳияи мазкур фурӯхтаанд», – гуфт манбаъ.

Зикр гардид, ки аз рӯйи ин далел нисбат ба падару модари духтарча Г.Қодирова ва А.Солибоев тибқи моддаи 167, қ. 2-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Хариду фурӯши ноболиғон) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.