Беш аз 50 нафар тоҷикистониён аз Яман ба Маскав оварда шуданд

Душанбе. 14-уми июн. «Азия-Плюс» — | Бинобар нооромии вазъ дар Яман бо мусоидати намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар шаҳри Маскав 54 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон тавассути ду ҳавопаймои Вазорати ҳолаҳои фавқулоддаи Русия аз Яман ба Маскав оварда шуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар доданд, ин шаҳрвандон муваққатан дар Яман кору зиндагӣ дошта, […]

Душанбе. 14-уми июн. «Азия-Плюс» — | Бинобар нооромии вазъ дар Яман бо мусоидати намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар шаҳри Маскав 54 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон тавассути ду ҳавопаймои Вазорати ҳолаҳои фавқулоддаи Русия аз Яман ба Маскав оварда шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар доданд, ин шаҳрвандон муваққатан дар Яман кору зиндагӣ дошта, дар фурудгоҳи «Домодедово» онҳоро кормандони намояндагии дипломатии Тоҷикистон пешвоз гирифтаанд. «Чанде аз шаҳрвандони аз Яман бозгашта, худи ҳамон рӯз озими Душанбе гардида, қисмате дар Русия назди хешу ақрабо монданд», – гуфтанд дар сафоратхона.

Ба иттилоиманбаъ, бар асари бетартибиҳои оммавӣ, ки шурӯъ аз моҳи феврали соли ҷорӣ дар Яман идома дорад, ҳеҷ яке аз шаҳрвандони Тоҷикистон осеб надидааст.

Мухолифини ҳукумат истеъфои фаврии президенти Яман Алӣ Абдуллоҳ Солеҳро, ки беш аз 30 сол ба кишвар сарварӣ мекунад, тақозо доранд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.