Эмомалӣ Раҳмон ҳайати Бундестаги Олмонро ба ҳузур пазируфт

Душанбе. 14-уми июн. «Азия-Плюс» — | Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳайати Бундестаги (Парлумони) Ҷумҳурии Федеративии Олмонро, ки таҳти сарварии Дагмар Энкелманн ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.  Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар чаҳорчўби муносиботи дуҷониба ва ҳам Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуд.  Тавре зикр […]

Душанбе. 14-уми июн. «Азия-Плюс» — | Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳайати Бундестаги (Парлумони) Ҷумҳурии Федеративии Олмонро, ки таҳти сарварии Дагмар Энкелманн ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.

 Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар чаҳорчўби муносиботи дуҷониба ва ҳам Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуд.

 Тавре зикр гардид, ҳадафи асосии ҳайат шиносоӣ бо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди кишварҳои минтақа ва рафти татбиқи амалии Стратегияи Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ мебошад.

 Аз ҷараёни дастрасӣ ба ҳадафҳои ин стратегия дар баъзе соҳаҳои Тоҷикистон, аз ҷумла дар соҳаи маориф изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

 Изҳори боварӣ карда шуд, ки бо мусоидати Иттиҳоди Аврупою  ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷаҳду талоши худи кишварҳои минтақа дар самти бартарафсозии мушкилоти мавҷуда, аз ҷумла рафъи камбизоатӣ, коҳиш додани сатҳи бекорӣ ва ҳаллу фасли проблемаҳои вобаста ба обу энергетика низ натиҷаҳои назаррас ҳосил мешаванд.

Таваҷҷўҳи зиёд ҳамчунин ба масоили вобаста ба демократикунонии ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва таҳкими мубориза бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир зоҳир гардид.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.