Ифтитоҳи гузаргоҳи назоратии байнулмилалӣ дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон

Date:

Конибодом. 14-уми июн. «Азия-Плюс» — | Дар ноҳияи Конибодом дар чаҳорчӯби барномаи Иттиҳоди Аврупо ва Барномаи рушди СММ оид ба мусоидат дар идораи марзҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ гузаргоҳи назоратии байнулмилалии «Патар» ба тавозуни Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҷумҳурӣ супурда шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти шаҳрдории Конибодом иттилоъ доданд, гузаргоҳ дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар самти минтақаҳои воқеъ дар водии Фарғона ва ҳамчунин шаҳри Ӯши Қирғизистон ҷойгир шудааст.

Иншооти муосир бо таҷҳизоти назорати гумрукӣ, марзӣ, санитарӣ-эпидемиологӣ ва ҳамчунин бинои назорати дақиқи автомобилҳо, макони будубоши марзбонон, 2 гузаргоҳи назоратӣ ва пойгоҳи обкашӣ таъмин аст.

Биноҳо бо низоми гармкунӣ ва таъминот бо об, асбоб ва мебели корӣ, воситаҳои алоқа ва дастгоҳҳои назоратии ҷавобгӯ ба меъёрҳои байнулмилалӣ муҷаҳҳаз гардидааст.

Дар маросими ифтитоҳи гузаргоҳ намояндагони ҳукумати вилояти Суғд, хадамоти гумрук ва марзбонӣ, вазорати корҳои хориҷӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Иттиҳоди Аврупо, Барномаи рушди СММ ва аҳли ҷомеа ширкат варзиданд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...