Ифтитоҳи гузаргоҳи назоратии байнулмилалӣ дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон

Конибодом. 14-уми июн. «Азия-Плюс» — | Дар ноҳияи Конибодом дар чаҳорчӯби барномаи Иттиҳоди Аврупо ва Барномаи рушди СММ оид ба мусоидат дар идораи марзҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ гузаргоҳи назоратии байнулмилалии «Патар» ба тавозуни Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҷумҳурӣ супурда шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти шаҳрдории Конибодом иттилоъ доданд, гузаргоҳ дар марзи Тоҷикистону […]

Конибодом. 14-уми июн. «Азия-Плюс» — | Дар ноҳияи Конибодом дар чаҳорчӯби барномаи Иттиҳоди Аврупо ва Барномаи рушди СММ оид ба мусоидат дар идораи марзҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ гузаргоҳи назоратии байнулмилалии «Патар» ба тавозуни Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҷумҳурӣ супурда шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти шаҳрдории Конибодом иттилоъ доданд, гузаргоҳ дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар самти минтақаҳои воқеъ дар водии Фарғона ва ҳамчунин шаҳри Ӯши Қирғизистон ҷойгир шудааст.

Иншооти муосир бо таҷҳизоти назорати гумрукӣ, марзӣ, санитарӣ-эпидемиологӣ ва ҳамчунин бинои назорати дақиқи автомобилҳо, макони будубоши марзбонон, 2 гузаргоҳи назоратӣ ва пойгоҳи обкашӣ таъмин аст.

Биноҳо бо низоми гармкунӣ ва таъминот бо об, асбоб ва мебели корӣ, воситаҳои алоқа ва дастгоҳҳои назоратии ҷавобгӯ ба меъёрҳои байнулмилалӣ муҷаҳҳаз гардидааст.

Дар маросими ифтитоҳи гузаргоҳ намояндагони ҳукумати вилояти Суғд, хадамоти гумрук ва марзбонӣ, вазорати корҳои хориҷӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Иттиҳоди Аврупо, Барномаи рушди СММ ва аҳли ҷомеа ширкат варзиданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.