Дар маҳаллаи Ховарони пойтахт сохтмони манзилҳои инфиродӣ барқарор мешавад

Душанбе. 14-уми июн. «Азия-Плюс» — | Шурӯъ аз соли 2004 то 1-уми январи соли ҷорӣ ба мақомоти шаҳрдории Душанбе бобати ҷудо кардани қитъаҳои замин барои сохтмони манзили зисти инфиродӣ 25 ҳазору 495 нафар сокинони пойтахт муроҷиат кардаанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов иттилоъ дод, чанде қабл мақомоти шаҳрдорӣ аризаҳои […]

Душанбе. 14-уми июн. «Азия-Плюс» — | Шурӯъ аз соли 2004 то 1-уми январи соли ҷорӣ ба мақомоти шаҳрдории Душанбе бобати ҷудо кардани қитъаҳои замин барои сохтмони манзили зисти инфиродӣ 25 ҳазору 495 нафар сокинони пойтахт муроҷиат кардаанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов иттилоъ дод, чанде қабл мақомоти шаҳрдорӣ аризаҳои дар робита ба ин масъала воридшударо ҷиҳати омӯзиши дақиқ ба унвони комиссияҳои ҷамъиятии назди маъмурияти ноҳияҳои пойтахт ирсол кардааст.

Аз ин рӯ, мақомоти шаҳрдории пойтахт аз ҳамаи шаҳрвандоне, ки ба таври хаттӣ то 1-уми январи соди чорӣ дар бораи ҷудо кардани қитъаи замин барои сохтмони манзили зист муроҷиат карда буданд, хоҳиш мекунад, дар ин хусус ба ҳукуматҳои ноҳияҳо муроҷиат намоянд.

Ба қавли Саидов, бо назардошти анҷоми корҳои пажӯҳишӣ, оғози амалисозии Нақшаи генералии шаҳри Душанбе ва омодасозии нақшаи марҳилаи дуюми сохтмони манзили зисти инфиродӣ дар маҳаллаи Ховарон, бо қарори комиссияҳои ҷамъиятии назди ҳукуматҳои ноҳияҳои пойтахт, муроҷиаткардагон метавонанд барои сохтмони манзили зист соҳиби 0,3 га қитъаи замин шаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.