Овозаҳои кӯчонидани бозори «Корвон» ҳеҷ асоси воқеъӣ надоранд

Душанбе. 14-уми июн. «Азия-Плюс» — | Сармеъмори шаҳри Душанбе Қудратулло Файзуллоев дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор кард, ки овозаҳои кӯчонидани бозори «Корвон» ҳеҷ асоси воқеъие надоранд. Вай мегӯяд, бозори «Корвон» дар тавозуни шаҳрдорӣ қарор дорад ва то имрӯз чунин масъала дар сатҳи шаҳрдорӣ баррасӣ нашудааст. «Ба ман ҳамчун сармеъмори шаҳр то ҳол чунин […]

Душанбе. 14-уми июн. «Азия-Плюс» — | Сармеъмори шаҳри Душанбе Қудратулло Файзуллоев дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор кард, ки овозаҳои кӯчонидани бозори «Корвон» ҳеҷ асоси воқеъие надоранд.

Вай мегӯяд, бозори «Корвон» дар тавозуни шаҳрдорӣ қарор дорад ва то имрӯз чунин масъала дар сатҳи шаҳрдорӣ баррасӣ нашудааст. «Ба ман ҳамчун сармеъмори шаҳр то ҳол чунин иттилоъ нарасидааст», – иброз намуд ӯ.

Номбурда ҳамчунин афзуд, «агар замоне чунин тасмим гирифта шавад ҳам, аҳолии пойтахт пешакӣ аз он огоҳ карда мешаванд».

Қобили зикр аст, ки рӯзҳои ахир миёни сокинони шаҳри Душанбе чунин овозаҳое пайдо шудаанд, ки гӯё баъди чанде бозори «Корвон» кӯчонида шуда, қаламрави он ба ихтиёри яке аз воҳидҳои пойгоҳи низомии 201-уми Русия дода мешавад, ки дар қисмати ҷанубу ғарбии пойтахт ҷойгир аст.

Дар робита ба ин овозаҳо соҳибкорони бозори «Корвон» ба ташвиш афтодаанд, зеро метавонанд нуқтаҳои фурӯши худро аз даст диҳанд.

Бозори «Корвон» яке аз бозорҳои бузургтарин буда, бештари аҳолии пойтахт маҳз аз ин бозор молу маҳсулот мехаранд, зеро дар муқоиса бо бозорҳои дигар нарх дар он нисбатан арзон аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.