Дар Қатар масъалаи сохтмони бузургтарин масҷиди ОМ дар Душанбе баррасӣ шуд

Душанбе. 17-уми июн. «Азия-Плюс» — | Дар шаҳри Давҳаи Қатр як қатор мулоқотҳои Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар (қароргоҳ дар шаҳри Исломобод) Зубайдулло Зубайдов баргузор шуданд.  Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, зимни мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Вазири ҳамкориҳои давлатии Давлати Қатар доктор Холид Ал–Атия масъалаҳои ҳамкориҳои […]

Азия-Плюс

Душанбе. 17-уми июн. «Азия-Плюс» — | Дар шаҳри Давҳаи Қатр як қатор мулоқотҳои Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар (қароргоҳ дар шаҳри Исломобод) Зубайдулло Зубайдов баргузор шуданд.

 Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, зимни мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Вазири ҳамкориҳои давлатии Давлати Қатар доктор Холид Ал–Атия масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла, сохтмони масҷид дар шаҳри Душанбе ва оғози фаъолияту сармоягузории ширкати “Диёр” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

 Доктор Холид Ал–Атия иброз дошт, ки бояд дар фурсати кӯтоҳ созишнома оид ба фаъолияти ширкати “Диёр” ва сохтмони масҷид дар шаҳри Душанбе ба имзо расонида шавад.

 Ҳангоми мулоқоти Сафир З. Зубайдов бо муовини Вазири корҳои хориҷии Давлати Қатар Муҳаммад Румайҳӣ масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба баррасӣ гардиданд.

 Муҳаммад Румайҳӣ иброз дошт, ки бояд дар фурсати кӯтоҳ Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Қатар созмон ёфта, ба фаъолият оғоз намояд. “Бо ин мақсад аллакай як ҳайате дар Қатар ташкил дода шудааст ва дар вақтҳои наздик ба Тоҷикистон сафари корӣ анҷом хоҳад дод. Зимни сафари ин ҳайат дар шаҳри Душанбе бо ҷониби Тоҷикистон масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкориҳо ва омода кардани ҳуҷҷатҳои зарурӣ муҳокима мешаванд”, – афзуд дипломати қатарӣ.

 Дар ҷараёни сӯҳбати Сафир бо Раиси ширкати ҳавопаймоии граждании Давлати Қатар Абдулазиз Нуаймӣ масъалаи кушодани хатти мустақими парвоз миёни шаҳрҳои Душанбе ва Давҳа матраҳ гардид.

 Абдулазиз Нуаймӣ изҳор дошт, ки ҷониби Қатар барои дар наздиктарин фурсат кушодани хатти мустақими парвоз миёни ду кишвар омода мебошад.

 Дар мулоқоти Сафир З. Зубайдов бо муовини якуми Раиси Палатаи савдо ва саноати Давлати Қатар Муҳаммад ибни Тавор масъалаҳои инкишофи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии миёни ду кишвар муҳокима шуданд.

 Дипломати тоҷик пешниҳод намуд, ки бизнес-форуми соҳибкорон ва тоҷирони Тоҷикистону Қатар дар пойтахти яке аз кишварҳо баргузор карда шавад. “Зеро чунин иқдом ба инкишофи муносибатҳои ҳамкории минбаъда мусоидат хоҳад намуд”, – таъкид сохт Сафир.

 Ҷониби қатарӣ ин пешниҳодро пазируфта, иброз дошт, ки ҷиҳати ҳалли масъалаи мазкур чораҳои лозима меандешад.

 Зимни мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Қатар З. Зубайдов бо Директори иҷроияи ширкати “Диёр”-и Давлати Қатар Муҳаммад Алӣ Ал-Ҳадфа масъалаи фаъолият ва сармоягузории ширкати “Диёр” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

 Муҳаммад Алӣ Ал-Ҳадфа иброз дошт, ки мутаассифона муддати чанд сол оғози фаъолияти ширкати мазкур дар Тоҷикистон ба таъхир афтодааст. Ӯ таъкид намуд, ки роҳбарияти Давлати Қатар вобаста ба таъхири фаъолияти ширкат дар Тоҷикистон норозӣ буда, хостори зудтар ба кор сар кардани он мебошанд. “Аммо ҳоло имконияту шароит барои шурӯъ намудани корҳо дар ин самт фароҳам омадааст. Созишномаи ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи роҳбарияти ширкат баррасӣ гардида, ба Вазорати ҳамкориҳои давлатӣ пешниҳод шудааст”, – идома дод директори иҷроия. Вай изҳорӣ боварӣ намуд, ки созишномаи мазкур ҳатман ба имзо мерасад ва фаъолияти ширкат дар Тоҷикистон шурӯъ мегардад.

Дар сӯҳбати Сафир З. Зубайдов бо сардори Идораи хусусии муҳандисони Девони Амири Давлати Қатар Носир Ал Нуаймӣ масъалаи сохтмони масҷид дар шаҳри Душанбе матраҳ шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.