Оғози сохтмони манзил барои оилаҳои осебдидаи ноҳияи Ашт

Хуҷанд. 17-уми июн. «Азия-Плюс» — | Дар ноҳияи Ашт барои оилаҳое, ки дар таърихи 12-уми июни соли ҷорӣ аз сели даҳшатнок осеб дида уданд, сохтмони манзили зист оғоз мегардад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ҳукумати вилояти Суғд хабар доданд, пагоҳ дар шаҳраки Бахмали ноҳия маросими гузоштани хишти аввал ба сохтмони манзилҳо барои оилаҳои осебдидаи деҳаҳои […]

Бахтиёр Валиев

Хуҷанд. 17-уми июн. «Азия-Плюс» — | Дар ноҳияи Ашт барои оилаҳое, ки дар таърихи 12-уми июни соли ҷорӣ аз сели даҳшатнок осеб дида уданд, сохтмони манзили зист оғоз мегардад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ҳукумати вилояти Суғд хабар доданд, пагоҳ дар шаҳраки Бахмали ноҳия маросими гузоштани хишти аввал ба сохтмони манзилҳо барои оилаҳои осебдидаи деҳаҳои Бободархон ва Сарои ҷамоати Понғоз доир мегардад. «Комиссияи дар маҳалли ҳодиса фаъолиятдошта ошкор сохт, ки на 34 манзил, балки танҳо 17 манзил пурра хароб гардида, соҳибони манзилҳои қисман харобшуда низ дар шаҳраки Бахмал 10 сотихӣ қитъаи замин гирифта, аз ҳисоби худ манзили зист бунёд мекунанд», – гуфтанд дар ҳукумати вилоят.

Ба иттилои манбаъ, барои 17 оилае, ки манзили зисташон пурра хароб гардидааст, шаҳру навоҳии вилояти Суғд манзили сеҳуҷрагӣ бунёд хоҳанд кард. «Анҷоми сохтмони манзилҳо то 1-уми августи соли ҷорӣ ба нақша гирифта шуда, онҳо бо ҳама асбобу лавозимоти рӯзгор таъмин карда мешаванд», – гуфт сарчашма.

Зимнан зикр гардид, ки айни замон маҳалли сохтмон бо оби нӯшокӣ ва нерӯи барқ таъмин гардида, шоми имрӯз 17 оилаи бесарпаноҳмонда ба маҳалли сохтмон меоянд. «То анҷоми сохтмон онҳо дар хаймаҳо зиндагӣ хоҳанд кард ва бо кӯмаки молиявии ҳукумати вилояти Суғд ҳамеша бо маводи ғизоӣ таъмин хоҳанд буд», – афзуд манбаъ.

Ёдрас мекунем, нимаи дуввуми рӯзи 12-уми июн дар ноҳияҳои Ашт, Ғончӣ ва Панҷакент бар асари боришот зиёд сел омада, ба манзили зист ва зербинои маҳаллаҳои аҳолинишин хисороти беҳад ворид сохт. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.