Трансформатори вазнаш 120 тоннаи нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» ба Душанбе оварда шуд

Душанбе. 17-уми июн. «Азия-Плюс» — | То ахири моҳи июн интиқоли тамоми таҷҳизоту дастгоҳҳои зарурии нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» аз Эрон ба Тоҷикистон анҷом меёбад. Тавре ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» мушовири сафорати Эрон оид ба масоили иқтисодӣ Аббос Баёнӣ хабар дод, нимаи ҳафтаи равон ҳавопаймои бузурги боркашони «АН-124» тавассути хатсайри Теҳрон-Ашқобод-Душанбе трансформатори вазнаш 120 тонна барои нерӯгоҳи […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 17-уми июн. «Азия-Плюс» — | То ахири моҳи июн интиқоли тамоми таҷҳизоту дастгоҳҳои зарурии нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» аз Эрон ба Тоҷикистон анҷом меёбад.

Тавре ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» мушовири сафорати Эрон оид ба масоили иқтисодӣ Аббос Баёнӣ хабар дод, нимаи ҳафтаи равон ҳавопаймои бузурги боркашони «АН-124» тавассути хатсайри Теҳрон-Ашқобод-Душанбе трансформатори вазнаш 120 тонна барои нерӯгоҳи «Сангтӯда-2»-ро ба Душанбе расонид. «Акнун трансформатор муддати се-чаҳор рӯз тариқи мошинҳои калонҳаҷми боркаш ба майдони сохтмони нерӯгоҳ интиқол дода мешавад», – гуфт вай.

Ба қавли мавсуф, рӯзи якшанбе, 19-уми июн, боз як ҳавопаймо бо чунин бор барои нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» ба Душанбе парвоз хоҳад кард. «Интиқоли бори ба ин андоза вазн дар минтақа бори нахуст сурат гирифт», – иброз дошт ӯ.

Номбурда ҳамчунин изҳори боварӣ намуд, ки агрегати аввали нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» дар арафаи ҷашни 20-умин солгарди истиқлолияти Тоҷикистон мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.