Нигаронии ҳуқуқшиносон аз баъзе моддаҳои Қонуни ҶТ дар бораи масъулияти волидайн

Душанбе. 16-уми июн. «Азия-Плюс» — | Намояндагони созмону ташкилотҳои дифоъ аз ҳуқуқи кӯдакон аз баъзе муқаррароти Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» изҳори нигаронӣ кардаанд. Коршинос оид ба дифоъ аз ҳуқуқи инсон, ҳуқуқшиноси созмони ҷамъиятии «Маркази дифоъ аз ҳуқуқи кӯдакон» Гулчеҳра Раҳмонова дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» дар робита […]

Наргис Ҳамробоева

Душанбе. 16-уми июн. «Азия-Плюс» — | Намояндагони созмону ташкилотҳои дифоъ аз ҳуқуқи кӯдакон аз баъзе муқаррароти Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» изҳори нигаронӣ кардаанд.

Коршинос оид ба дифоъ аз ҳуқуқи инсон, ҳуқуқшиноси созмони ҷамъиятии «Маркази дифоъ аз ҳуқуқи кӯдакон» Гулчеҳра Раҳмонова дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» дар робита ба ин масъала изҳор кард, ки ин ҷо сухан сари истифодаи ҷазо барои волидайн меравад. «Аз нисф зиёди аҳолии Тоҷикистон дар ҳоли фақр умр ба сар мебарад ва дар ин ҳолат магар метавон дар хусуси ҷазо нисбати падару модар ҳарф зад? Он ҳам ба манфиати кӯдак нест, зеро маблағи ҷазо низ аз оилаи ҳамон кӯдак ситонида мешавад», – гуфт ӯ.

Ба қавли Раҳмонова, бадтараш он аст, ки маҳрум кардани ҳуқуқи падару модарон пешбинӣ мегардад. «Агар падару модарро аз ҳуқуқ маҳрум созанд, пас кӯдак аз оила маҳрум мегардад. Кишвари мо худро давлати ҳуқуқӣ эълом доштааст ва ин гуна муқаррарот набояд қобили қабул бошад», – иброз дошт вай.

Ба ақидаи ӯ, кӯдак бояд дар муҳити оила тарбия гирад ва танҳо дар сурате, ки дар оила мондани ӯ хатар эҷод месозад, метавон ӯро аз оида барканор намуд. «Ҳамчун ҳуқуқшинос аз он нигаронӣ дорам, ки механизми иҷрои ин қонун чӣ гуна сурат мегирад ва кӣ ба ҳуқуқҳои поймолшудаи кӯдак ҷавобгӯ хоҳад буд», – таъкид сохт Раҳмонова.

Ёдрас мекунем, ки 16-уми июни соли ҷорӣ вакилони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ бо аксари овозҳо қонуни аз ҷониби сарвари давлат пешниҳодшуда «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро маъқул шумориданд. Лоиҳаи қонун 14-уми декбари соли 2010 ба баррасии умумихалқӣ гузошта шуда буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.